Тоҷикистон бо Чин низ машқҳои зиддитеррористӣ мегузаронад.

Дар қаламрави маркази таълимии ВКД Тоҷикистон дар дараи Роимти шаҳри Варзоб имрӯз, 17 август размоишҳои низомии зиддитеррористии Тоҷикистону Чин оғоз мегарданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД-и ҷумҳурӣ. Тамринҳои ҳарбӣ то 20 август идома ёфта, ба он воҳидҳои махсуси ВКД Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин сафарбар мешаванд. Дар ҳамин ҳол, бино ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар қаламрави маркази таълимии ВКД Тоҷикистон дар дараи Роимти шаҳри Варзоб имрӯз, 17 август размоишҳои низомии зиддитеррористии Тоҷикистону Чин оғоз мегарданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД-и ҷумҳурӣ.

Тамринҳои ҳарбӣ то 20 август идома ёфта, ба он воҳидҳои махсуси ВКД Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин сафарбар мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, 16 август дар Душанбе вохӯрии вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо бо намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин таҳти роҳбарии Лю Юнфэн доир гардид.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузаронидани машқҳои дар боло зикршуда оид ба мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсор, инчунин мубориза бо дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккил, мубодилаи таҷриба, иттилоот ва омода намудани кадрҳои баландихтисос баррасӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.