Ҳалокати навраси 16-сола ва ноболиғи 7-сола зери чархи автомашина

Date:

Ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Меҳриддин Абдуалимзодаи 24-сола, сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе – Восеъ дар қаламрави шаҳраки Ҳулбук аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Тоҳир Абуллоеви 16-соларо бо автомашина пахш кардааст.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар натиҷа ноболиғ бар асари ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, худи ҳаминрӯз ронандаи автомашинаи “Тико” Орифҷон Қамаров, сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе – Бохтар – Панҷи Поён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, роҳгузар Билолҷон Абдусамадзодаи 7-соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҳалок шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...