Ба донишҷӯёни хориҷӣ иҷозаи вуруд ба Русия дода шуд

Вазорати маориф ва илми Русия имрӯз, 20 август ба рӯзноманигорон хабар додааст, ки шаҳрвандони хориҷии машғули таҳсил дар макотиби олии Русия ба ин кишвар рафта метавонанд. Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, қоидаҳо барои ин категорияи донишҷӯён аллакай таҳия ва ояндаи наздик қабул карда мешаванд. «Вазорат пешниҳод намуд, ки сарҳадҳои давлатӣ барои ҳамаи донишҷӯёни хориҷӣ боз […]

Вазорати маориф ва илми Русия имрӯз, 20 август ба рӯзноманигорон хабар додааст, ки шаҳрвандони хориҷии машғули таҳсил дар макотиби олии Русия ба ин кишвар рафта метавонанд.

Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, қоидаҳо барои ин категорияи донишҷӯён аллакай таҳия ва ояндаи наздик қабул карда мешаванд.

«Вазорат пешниҳод намуд, ки сарҳадҳои давлатӣ барои ҳамаи донишҷӯёни хориҷӣ боз шаванд. Ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз воридот ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар қаламрави Русия розӣ шуд, ки вуруд ба кишварро барои идомаи таҳсил иҷоза диҳад. Қоидаҳои тарзи вуруд барои донишҷӯёни хориҷӣ аз ҷониби Вазорат таҳия ва ояндаи наздик тасдиқ карда мешаванд”,- омадааст дар маълумот.

Хориҷиёни машғули таҳсил дар Русия метавонанд дар хобгоҳҳо ҷой гирифта, бо шакли муқаррарӣ ба таҳсил идома бидиҳанд, илова мекунад “Газета.ру”. Дар ҳамин ҳол, барои касоне, ки ба кишвар омада наметавонанд, таҳсил дар шакли фосилавӣ роҳандозӣ мешавад.

“Мо дар ҳамдастӣ бо ВКХ ва Роспотребнадзор ба ситод пешниҳод намудем, ки сараҳадҳо барои ҳамаи донишҷӯёни хориҷӣ боз шаванд. Пешниҳоди мо дастгирӣ ёфт”, – гуфтааст вазири илм ва маълумоти олии Русия Валерий Фалков.

Қаблан зикр гардида буд, ки Вазорати маориф ва илм ба таҳсили фосилавӣ гузаронидани донишҷӯёнеро, ки аз коронавирус эм нашудаанд ё барои ин маълумотномаи дахлдори тиббӣ надоранд, пешниҳод кард.

Вазорат ҳамчунин тавсия дода буд, ки макотиби олӣ имтиҳонҳоро барои эмшудагон ва касоне, ки ваксинаи зидди коронавирус нагирифтаанд, ҷудогона баргузор намояд. Ғайр аз ин, зикр шуд, ки мувофиқи мақсад мебуд, агар макотиби олӣ ваксингирии донишҷӯёни хориҷиро аз ҳисоби худ ташкил кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.