Толибон аз Аҳмад Масъуд талаб карданд, ки Панҷшерро таслим кунад

Ҳаракати “Толибон”, ки тақрибан ҳамаи қаламрави Афғонистонро зери назорат дорад, ба роҳбари Ҷабҳаи муқовимат Аҳмад Масъуд талаб  ё худ ултиматум пеш гузоштаанд, менависад Медуза. Дар навори видеои рӯзи 22 нашршуда толибон изҳор менамоянд, ки ба Масъуд чор соат вақт медиҳанд, то ҷонибдоронаш силоҳашонро ба замин гузоранд. Дар изҳорот Толибон огоҳ кардаанд, ки дар акси ҳол, […]

Ҳаракати “Толибон”, ки тақрибан ҳамаи қаламрави Афғонистонро зери назорат дорад, ба роҳбари Ҷабҳаи муқовимат Аҳмад Масъуд талаб  ё худ ултиматум пеш гузоштаанд, менависад Медуза.

Дар навори видеои рӯзи 22 нашршуда толибон изҳор менамоянд, ки ба Масъуд чор соат вақт медиҳанд, то ҷонибдоронаш силоҳашонро ба замин гузоранд.

Дар изҳорот Толибон огоҳ кардаанд, ки дар акси ҳол, ҷангиёни муқовимат "муҷозот хоҳанд шуд." Зимни муроҷиат наворҳои ҳаракати Толибон ба самти Панҷшер низ нишон дода шудаанд.

Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи саршиноси Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони “Ал-Арабия” изҳор доштааст, ки таслим шуданӣ нест.

“Панҷшер ба Толибон таслим нахоҳад шуд ва агар ҷангҷӯён кӯшиш кунанд, ки ин вилоятро зери назорат гиранд, аъзои ҷабҳаи муқовимат омодаанд, ки бо онҳо мубориза баранд”, – гуфтааст вай.

Ба иттилои Reuters Аҳмад Масъуд зикр кардааст, ки “ин толибон бояд гузашт кунанд ва ҳукумате таъсис бидиҳанд, ки ба онҳо намояндагони тамоми неруҳо шомил шаванд".

“Агар “Толибон” аз муколама даст кашанд, ҷанг ногузир аст”, – таъкид доштааст роҳбари Ҷабҳаи муқовимат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.