Интиқоди Путин аз пешниҳоди ҷобаҷо кардани паноҳандагони Афғонистон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи якшанбе зимни суханронӣ дар назди аъзои ҳизби “Русияи воҳид”  аз пешниҳоди кишварҳои Ғарб бобати то гирифтани раводид ба ИМА ва Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир намудани гурезаҳои Афғонистон интиқод кард, хабар медиҳад ТАСС. “Шарикони ба истилоҳ ғарбии мо дар ин масъала пойфишорӣ мекунанд. Яъне ба ин кишварҳои ҳамсояҳои мо бидуни […]

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи якшанбе зимни суханронӣ дар назди аъзои ҳизби “Русияи воҳид”  аз пешниҳоди кишварҳои Ғарб бобати то гирифтани раводид ба ИМА ва Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир намудани гурезаҳои Афғонистон интиқод кард, хабар медиҳад ТАСС.

“Шарикони ба истилоҳ ғарбии мо дар ин масъала пойфишорӣ мекунанд. Яъне ба ин кишварҳои ҳамсояҳои мо бидуни раводид мумкин будаасту барои худашон бе раводид намехоҳанд. Ин чӣ гуна муносибати таҳқиромез дар ҳалли масъала аст?”, – гуфтааст Путин.

Ӯ зикр кардааст, ки ин масъала дар нишасти СААД ва дигар майдонҳо баррасӣ шуда, Русия бо шарикон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тамоси доимӣ қарор дорад.

“"Онҳо ба ҳар гунае шарикон ва иттифоқчиёни наздиктарини мо ҳастанд. Мо бо онҳо марзҳои муштарак дошта, аммо ҳеҷ гуна маҳдудияти раводид вуҷуд надорад. Тасаввур кунед: гурезаҳо ба яке аз ин кишварҳо ворид шуданд, миёни ин гурезаҳо киҳо ҳастанд, мо онҳоро аз куҷо медонем? Онҳо метавонанд ҳазору сад ҳазор ва шояд миллион нафар бошанд. Мо бо шариконамон ҳеҷ гуна маҳдудияти раводид надорем. Ҳа, як сарҳаде вуҷуд дорад. Бо чизе, ки хоҳанд, хоҳ мошину хоҳ ҳатто хар даштаро мегузаранд. Пас мо бо ин ҳолат чӣ кор мекунем?”, – таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб кардааст Путин.

Таъмини амнияти миллиро ӯ яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва афзалиятнок, аз ҷумла барои Вазорати корҳои хориҷии Русия номид.

Аз нимаи август даҳҳо ҳазор афғонҳо бо ҳарос аз ҷони худ ва бовар надоштан ба ваъдаҳои Толибон дар мавриди авф ва саркӯб накардани рақибони худ, талоши тарки кишвар мекунанд.

ИМА, Британияи Кабир ва баъзе кишварҳои Аврупо барои қабули паноҳандагон аз Афғонистон изҳори омодагӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.