Гумонбар шудани сармуҳосиби Донишкадаи санъат ба азхудкунӣ ва сохтакориҳо

Date:

Сармуҳосиби Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хидматӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад, сармуҳосиби муассисаи таълимӣ Нодира Ҳотамова бар асоси маслиҳати пешакӣ бо муҳосибони донишкадаи мазкур Ф.Каримова, М.Абдуллоев. ва Р.Боймуратова ба азхудкунии маблағҳои давлатӣ машғул будаанд.

“Бо истифодаи мақоми хизматӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои 2019-2021 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии зиёда аз 1 млн 793 ҳазор сомониро тасарруф намудаанд”, – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел бо моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё камомад) ва 323 (Сохтакории хидматӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...