Гумонбар шудани сармуҳосиби Донишкадаи санъат ба азхудкунӣ ва сохтакориҳо

Сармуҳосиби Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хидматӣ гумонбар дониста мешавад. Тавре маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад, сармуҳосиби муассисаи таълимӣ Нодира Ҳотамова бар асоси маслиҳати пешакӣ бо муҳосибони донишкадаи мазкур Ф.Каримова, М.Абдуллоев. ва Р.Боймуратова […]

Asia-Plus

Сармуҳосиби Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хидматӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад, сармуҳосиби муассисаи таълимӣ Нодира Ҳотамова бар асоси маслиҳати пешакӣ бо муҳосибони донишкадаи мазкур Ф.Каримова, М.Абдуллоев. ва Р.Боймуратова ба азхудкунии маблағҳои давлатӣ машғул будаанд.

“Бо истифодаи мақоми хизматӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои 2019-2021 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии зиёда аз 1 млн 793 ҳазор сомониро тасарруф намудаанд”, – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел бо моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё камомад) ва 323 (Сохтакории хидматӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.