Самбокори тоҷик дар Русия соҳиби медали нуқра ва 7 ҳазор доллар мукофотпулӣ шуд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Паҳлавонони маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов ва Садр Боев дар мусобиқа барои дарёфти ҷоми президенти Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) дар Санкт-Петербурги Русия сазовори медал шуданд.

Бинои ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқа 22 август дар шаҳри Санкт Петербурги Русия бо иштироки беҳтарин самбокорони ҷаҳон дар 7 вазн миёни мардҳо баргузор шуд.

Гуфта мешавад, аз ҷумҳурии мо чор нафар – Акмалиддин Каримов (вазни -58кг), Хушқадам Хусравов (-64кг), Ёқубҷон Боқиев (-71кг) ва Садр Боев (-88кг) – ба ин мусобиқа даъват шуда буданд.

“Акмалиддин Каримов дар вазни -58 кг сазовори медали нуқра ва 7000 доллари ИМА ҷоизапулӣ гардид. Дар ин вазн ҳамагӣ 7 нафар иштирок карданд. Акмалиддин дар даври аввал озод буд, сипас дар нимфинал пирӯз ва дар финал аз намояндаи Гурҷистон Вахтанг Чидрашвилӣ мағлуб шуд”, – омадааст дар хабарии Кумита.

Ҳамчунин Садр Боев дар вазни -88 кг медали биринҷӣ ва 5000 доллари ИМА мукофот гирифт. Ӯ дар чорякфинал бар намояндаи Эрон Саидмуҳаммадризо Саидимаданӣ пирӯз шуда, вале дар нимфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Ихтиёр Эшмуродов шикаст хӯрд. Дар рақобат барои ҷойи сеюм намояндаи Марокаш Ал Ҳусейн Чакириро мағлуб намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...