Самбокори тоҷик дар Русия соҳиби медали нуқра ва 7 ҳазор доллар мукофотпулӣ шуд

Паҳлавонони маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов ва Садр Боев дар мусобиқа барои дарёфти ҷоми президенти Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) дар Санкт-Петербурги Русия сазовори медал шуданд. Бинои ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқа 22 август дар шаҳри Санкт Петербурги Русия бо иштироки беҳтарин самбокорони ҷаҳон дар 7 вазн миёни мардҳо баргузор шуд. Гуфта мешавад, аз […]

Паҳлавонони маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов ва Садр Боев дар мусобиқа барои дарёфти ҷоми президенти Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) дар Санкт-Петербурги Русия сазовори медал шуданд.

Бинои ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқа 22 август дар шаҳри Санкт Петербурги Русия бо иштироки беҳтарин самбокорони ҷаҳон дар 7 вазн миёни мардҳо баргузор шуд.

Гуфта мешавад, аз ҷумҳурии мо чор нафар – Акмалиддин Каримов (вазни -58кг), Хушқадам Хусравов (-64кг), Ёқубҷон Боқиев (-71кг) ва Садр Боев (-88кг) – ба ин мусобиқа даъват шуда буданд.

“Акмалиддин Каримов дар вазни -58 кг сазовори медали нуқра ва 7000 доллари ИМА ҷоизапулӣ гардид. Дар ин вазн ҳамагӣ 7 нафар иштирок карданд. Акмалиддин дар даври аввал озод буд, сипас дар нимфинал пирӯз ва дар финал аз намояндаи Гурҷистон Вахтанг Чидрашвилӣ мағлуб шуд”, – омадааст дар хабарии Кумита.

Ҳамчунин Садр Боев дар вазни -88 кг медали биринҷӣ ва 5000 доллари ИМА мукофот гирифт. Ӯ дар чорякфинал бар намояндаи Эрон Саидмуҳаммадризо Саидимаданӣ пирӯз шуда, вале дар нимфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Ихтиёр Эшмуродов шикаст хӯрд. Дар рақобат барои ҷойи сеюм намояндаи Марокаш Ал Ҳусейн Чакириро мағлуб намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.