Дабири кулли СААД: Тоҷикистон марз бо Афғонистонро дилпурона назорат мекунад

Asia-Plus

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон вазъ дар марз бо Афғонистонро таҳти назорат дошта, ба ҷалби неруҳои иловагӣ ба он ҷо зарурат нест.

Тавре ТАСС хабар медиҳад, пас аз иҷлосияи ғайринавбтии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дабири кулли Созмон Станислав Зас таъкид доштааст, ки нисбати таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон бармеоянд, Созмон то ҳадди имкон ҷиддӣ муносибат мекунад ва аз ин рӯ, вазъро дар минтақаи Осиёи Марказӣ бодиққат пайгирӣ дорад.

“Имрӯз марзбонон ва хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон вазъро дар сарҳад бо Афғонистон дилпурона ва ҳамаҷониба зери назорат дошта, ҷалби неруҳои иловагӣ айни замон ба ин ҷо талаб намешавад, – иброз доштааст Зас. – Ба муҷаҳҳазсозии сарҳадбонони Тоҷикистон аз лиҳози техникӣ кумак кардан лозим аст. Ва чунин тадбирҳо, аз ҷумла дар сатҳи дуҷониба роҳандозӣ мешаванд”.

Зас таъкид кардааст, ки барои таъмини амнияти Тоҷикистон дар сурати шиддат ёфтани вазъият дар  сарҳад, Созмон чораҳои амалии дастаҷамъиро таҳия карда истодааст.

Моҳҳои наздик дар наздикии сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон як силсила машқҳои низомии бузургмиқёси Неруҳои дастаҷамъии СААД, аз ҷумла «Поиск-2021», «Эшелон-2021», «Взаимодействие-2021» ва «Кобальт-2021» баргузор мешаванд, ки аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд.

Станислав Зас илова намудааст, ки агар зарурат пеш ояд, СААД масъалаи ба минтақа фиристодани неруҳои иловагиро баррасӣ хоҳад кард.

“Мо аз тамоми имконот бархӯрдорем, то ки амнияти ҳар як кишвари аъзои Созмонро таъмин кунем”, – таъкид доштааст дабири кулли Созмон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...