Русия пойгоҳи низомиашро дар Тоҷикистон бо мушакҳои зиддитанкӣ тақвият дод

Ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон як миқдор комплекси мушакҳои зиддитонкии “Корнет” интиқол дода шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ иттилоъ дод, хабар медиҳад РИА Новости. “Пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон бо як миқдор комплексҳои мушакҳои зиддитанкии муосири “Корнет” муҷаҳҳаз гардид. Комплексҳои нав дар воҳидҳои артиллерии ҷузъу томҳои Русия истифода мешаванд”, – […]

Ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон як миқдор комплекси мушакҳои зиддитонкии “Корнет” интиқол дода шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ иттилоъ дод, хабар медиҳад РИА Новости.

“Пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон бо як миқдор комплексҳои мушакҳои зиддитанкии муосири “Корнет” муҷаҳҳаз гардид. Комплексҳои нав дар воҳидҳои артиллерии ҷузъу томҳои Русия истифода мешаванд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, комплекси мушакҳои зиддитанкии “Корнет” барои зарбазанӣ ба техникаи зиреҳпӯш ва ҳадафҳои ҳавоии рақиб, аз ҷумла чархболу дастгоҳҳои парвозии бесарнишин пешбинӣ шудааст.

Роҳнамоии мушак ба ҳадаф тавассути нури лазерӣ сурат мегирад. Масофаи ниҳоии оташфишонӣ 5,5 км ва ҳадди ақалл – 100 метр мебошад.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии Русия берун аз ҳудуди ин кишвар буда, дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар мустақар аст. Ба ҳайати он ҷузъу том ва воҳидҳои гуногуни ҳарбӣ шомиланд.

Чанде пеш сарони кишварҳои узви СААД вазъият дар Афғонистонро баррасӣ намуданд. Кишварҳои узви Созмон аҳд намуданд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон сар мезананд, кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.