“Маршировка”-и кормандони давлат: аз эълони somon.tj то шоуи 500 дрон

Мушоҳида нишон медиҳад, ки тамрин ё “маршировка”-и кормандони корхонаву идораҳои давлатӣ барои роҳпаймоии осоишта ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз шудааст. Вале масъулин мегӯянд, он ҳоло оғоз нашудааст, зеро тедоди иштироккунандагон мушаххас нест. Ҳамарӯза дида мешавад, ки бархе кормандони давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои рафти тамрин ва омодагии худро барои роҳпаймоӣ ба ифтихори 30- […]

Мушоҳида нишон медиҳад, ки тамрин ё “маршировка”-и кормандони корхонаву идораҳои давлатӣ барои роҳпаймоии осоишта ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз шудааст. Вале масъулин мегӯянд, он ҳоло оғоз нашудааст, зеро тедоди иштироккунандагон мушаххас нест.

Ҳамарӯза дида мешавад, ки бархе кормандони давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои рафти тамрин ва омодагии худро барои роҳпаймоӣ ба ифтихори 30- солагии истиқлол нашр мекунанд.

Вале аз Раёсати санъати Вазорати фарҳанг ба “Азия плюс” гуфтанд, ки ҳоло ин маърака оғоз нашудааст ва баъди мушаххас шудани теъдоди ширкаткунандагони роҳпаймоии осоишта маъракаи тамрини онҳо оғоз хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки ба ғайр аз он ки 12 ҳазор нафар дар чорабинии театришуда дар “Наврӯзгоҳ” ба ифтихори ин ҷашн ширкат мекунанд, инчунин, дар ин рӯз Паради низомӣ ва роҳпаймоии осоиштаи шаҳрвандон дар хиёбони Рӯдакӣ низ дар назар гирифта шудааст.

26 саҳнаи театришуда ва шуои 500 дрон – барномаи ҷашни Истиқлол

Тибқи иттилои масъулин намоиши театришуда имсола барномаи таҷлили 30 – солагии истиқлолияти кишвар аз 26 саҳнаи театришуда иборат мебошад.

Сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён гуфт, ки тамринҳо аллакай дар 9 нуқта дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” оғоз шудааст.

Ӯ гуфт, то имрӯз тамринҳои донишҷӯёну сарбозон дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр баргузор мешуд, шурӯъ, аз имрӯз, 23 август тамринҳо бо декоратсияи пурраи саҳнавӣ оғоз мешаванд.

Ба иттилои Шоҳиён машқҳои дастаҷамъӣ аз соати 20:00 то 22:00 давом мекунанд ва дар рӯзи ид, барномаи ҷашнӣ 1 соату 50 дақиқа давом хоҳад кард.

– Иштирокчиён бо хӯроки гарм, нақлиёт ва баъзеашон бо хобгоҳ таъмин карда шудаанд. Нақлиёт иштирокчиёнро то маҳалли зисташон бурда мерасонад, – гуфт ӯ.

Шоҳиён ҳамчунин илова кард, ки аллакай ҳама таҷҳизоти зарурӣ барои омодагии ҷашн аз Қазоқистон, Украина ва Белорус ба кишвар ворид шудаанд.

– Мо ҳамчунин бо ширкати чинӣ барои баргузории шоуи дронҳо низ ба мувофиқа расидем. Дар умум дар шоу 500 дрон ширкат мекунанд. Дар чорабинӣ дронҳои махсуси ҳарранга ба баландии муайян баромада, ҳар гуна навиштаҷот, рамз ва нақшаҳоро мекашанд, – гуфт Шоҳиён.

Масъулин тасдиқ карданд, ки ба “маршировка” ҳамчунин мактаббачагон низ ҷалб шудаанд, вале аз ҷузъиёти бештари он худдорӣ карданд.

“Баҳси хасакӣ”-е, ки фарогир шуд

Мавзуъи "маршировка" ё раҳпаймоиҳои иҷбории хонандагону донишҷӯён дар чорабиниҳои ҷашнии кишвар яке аз мавзуъҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Бо вуҷуди танқиди зиёди ҷомеа, вазири маорифи кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода, дар нишасти хабарии ниҳоди зери роҳбариаш дар мавриди ҷалби донишҷӯёну хонандагон ба раҳпаймоиҳои ҷашнӣ, гуфт, ки "аз як чизи хасакӣ ин қадар проблема насозем" ва ин кор дар ҳамаи кишварҳои олам аст.  

Ҳамчунин Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон Умед Бобозода,  дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш ба суоли “Азия плюс” гуфт, ҷалби иҷбории донишҷӯён ва хонандагонро барои ширкат дар чорабиниҳои оммавӣ ё ба истилоҳ “маршировка”-ҳо нақзи ҳуқуқи инсон намедонад.

– Ин барои қонеъ кардани ҳуқуқҳои фарҳангии давлат сурат мегирад. Набояд фаромӯш кунем, ки дар чорабиниҳои муҳими давлать аз давлатҳои дигар меҳмонон меоянд. Дар сурати иштирок накарадани ҷавонон мо наметавонем ин чорабиниҳоро баргузор намоем,-таъкид карда буд ӯ.

Эълони Somon.tj: 20 сомонӣ  – нархи як рӯзи "маршировка"

Тавре дида мешавад, ширкат дар ҷашни 30 – солагии истиқлолият аз маъракаи таблиғу ташвиқ ба тиҷорат табдил ёфтааст. Масалан, аллакай дар сомонаи хариду фурӯш- “Somon.tj” эълоне мечархад, ки дар он гуфта мешавад, барои нафароне, ки дар маъракаи маршировка ба ифтихори 30-солагии истиқлоли ширкат мекунанд, 20 сомонӣ пардохт карда мешавад. То куҷо ин эълон воқеӣ аст, то ба ҳол маълум нест, вале ин ба он маъно аст, ки корманди давлатие ки намехоҳад дар маршировкаи роҳпаймоӣ ширкат кунад, метавонад як нафарро бо пардохти 20 сомонӣ дар як рӯз ба ҷойи худаш ба маршировка ҷалб намояд.

Дар эълон гуфта мешавад, ки “барои ҷашн гирифтани Истиқлолияти давлаӣ то 9 сентябр нафароне лозим ҳастанд, ки маршировка биёянд, (шагат барои парад). Ҳар рӯз 20 с пардохт мешавад. Маршировка аз соати 15:00 то 18:00”.

Сарфи назар аз ҳама вокунишҳову сарусадоҳо ва хатари вируси куруно "маршировка"-и имсола боҳашаматтар аз солҳои қабли роҳандозӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.