Нархи таксиҳои фармоишӣ ҳам дар Душанбе боло рафт

Asia-Plus

Ду рӯз мешавад, сокинон ва ронандагони шаҳри Душанбе аз болоравии арзиши роҳкирои таксиҳои фармоишии шаҳрӣ нигаронӣ мекунанд. Вале ширкатҳои хизматрасонии таксӣ ва шаҳрдорӣ инро рад мекунанд.

Ба гуфтаи ронандагони таксӣ, аз дирӯз дар бархе аз ширкатҳо нархи  роҳкиро боло рафтааст: дар баъзе ширкатҳои таксӣ арзиши 1 километр то 3 сомонӣ боло рафта, ба 10 сомонии пешин мусофирон ба ҷои 3 км акнун 2 км мераванд.

Сафари озмоишии хабарнигори "Азия-Плюс" болоравии арзиши роҳкироро тасдиқ кард, аммо маъмурияти ширкате, ки мо аз он истифода кардем, инро рад кард.

– Аз дирӯз мо тарофаҳои нав дорем: баробари савор шудан ба таксӣ, ки 10 сомонӣ буд, акнун шумо метавонед ба ҷои 3 километри пештар 2 километр равед. Пас аз ин, 1 километри роҳ 3 сомонӣ ҳисоб карда мешавад", – гуфт ронандаи ширкати «ЯкТакси». Вале аз ширкат мегӯяд, ки ин тавр нест.

«Воқеан,, ҳоло ин масъала мавриди омӯзиш қарор дорад, ҳанӯз ҳалли он ниҳоӣ нашудааст. Эҳтимол аст, ки дар ояндаи наздик тарифҳо тағйир ёбанд, вале ҳоло мо бо тарифи кӯҳна фаъолият мекунем », – гуфтанд дар ширкат.

Ба гуфтаи ронандаи таксӣ, роҳкиро дар дигар ширкатҳо низ боло рафтааст, аммо расман инро эълон намекунанд.

«Дар бархе ширкатҳо 3 километри аввал 13 сомонӣ шуд ва сипас – тавре ки буд: 1 километр – 2,5 сомонӣ, дар баъзеи дигар ин масофа то 2 километр коҳиш ёфт. Яъне ҳар як ширкат ба таври худ ронандагонашрро дар робита ба болоравии қавии нархи сӯзишворӣ дастгирӣ мекунад, аммо онҳо дар ин бора расман хабар намедиҳанд ”, – гуфт ронандаи таксӣ.

Вай афзуд, ки раҳбарияти ширкатҳо аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки то огоҳ шудани муштарӣ мавзӯъро таблиғ накунанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти шаҳрдорӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии нархи роҳкирои таксиро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин масъала ҳоло ҳам мавриди баррасӣ қарор дорад.

“Ягон ширкати таксӣ нархҳои навро бо мо мувофиқа накардааст. Онҳо ҳақ надоранд тарифҳоро бе мувофиқа бо шаҳрдорӣ ва тасдиқи Хадамоти зиддиинҳисорӣ боло бардоранд »,-гуфтанд дар Хадамоти зиддиинҳисорбӣ ба “Азия-Плюс”.

Дар шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ки ҳеҷ гуна болоравии нарх бо онҳо мувофиқа нашудааст, ин масъала ҳоло ҳам баррасӣ мешавад ва то кунун он ниҳоӣ нашудааст.

Аз “Душанбехадамотнақлиёт”, ҳам гуфтанд, ки то ба ҳол дар мавриди баланд кардани нархи нақлиёти ҷамъиятӣ таҳлил идома дорад ва дар ин бора супорише нашудааст.

– Дар пеш 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад ва то баргузории ин ҷашн нархи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт баланд намешавад. Ва шояд баъди он ҳам нарх баланд нашавад,-гуфтанд аз “Душанбенақлиётхадамотрасон”.

Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари боло рафтани арзиши газу бинзин дар кишвар, роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ ба ғайр аз шаҳри Душанбе, дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз 37 то 50 фоиз гарон шудааст. Инро ба “Азия плюс” Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёт тасдиқ кард.

Ҳоло дар саросари кишвар якбора болоравии нархи сӯзишворӣ ва камбудии газ мушоҳида мешавад. Ҳамин тариқ, як литр газ аз аввали сол беш аз ду баробар афзоиш ёфт: аз 4 сомонӣ то 9 – 9,5 сомонӣ то имрӯз, 27 август дар Душанбе.

Як литр бензини АИ-92 имрӯз дар Душанбе 8,9-9,5 сомонӣ арзиш дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...