Иштироки 80 варзишгари тоҷик дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ

Аз 4 то 11 сентябри соли равон дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ баргузор мешавад, ки дар он 80 варзишгари тоҷик  аз рӯи 12 намуди варзиш ширкат менамоянд. Дар ин бора, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки дар бозиҳо иштироки 1500 варзишгар аз 10 кишвар дар назар аст: Арманистон, […]

Аз 4 то 11 сентябри соли равон дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ баргузор мешавад, ки дар он 80 варзишгари тоҷик  аз рӯи 12 намуди варзиш ширкат менамоянд. Дар ин бора, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар бозиҳо иштироки 1500 варзишгар аз 10 кишвар дар назар аст: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркменистон ва Ӯзбекистон.

– Дар Бозиҳои аввалини кишварҳои ИДМ варзишгарон барои 184 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 16 намуди варзиш талош мекунанд: бадминтон, баскетбол (3х3), бокс, гуштини камарбандӣ, ҷудо, каратэ, кураш, тенниси рӯи миз, тирпаронӣ, тирпаронии қурс, самбо, гуштини варзишӣ, камонварӣ, муайтай, рақси варзишӣ, футзал ва гимнастикаи бадеӣ. Синни иштирокчиён аз 14 то 23 муайян шудааст, – менависад сомонаи КМО.

Қарор оид ба баргузор кардани Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон 25 октябри соли 2019 қабул шуд ва он бояд соли 2020 доир мегашт. Аммо бо сабаби пандемияи коронавирус вақти он тағйир ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.