Шумори қурбониёни таркишҳо дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон то 9 нафар расид

Бар асари таркишҳо дар анбори ҳарбии канори Тараз 9 нафар ҷон бохтанд, хабар медиҳад Tengrinews.kz бо истинод  ба ВҲФ Қазоқистон. “Дар натиҷаи таркиш дар қисми низомии мустақар дар ноҳияи Байзаки вилояти Ҷамбул, тибқи маълумоти охирин, ҳамагӣ 9 нафар, аз ҷумла кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда (ВҲФ), қисми низомӣ, посбонон ва прокуратураи ҳарбӣ ҳалок шуданд. Ҳувияти қурбониён […]

Бар асари таркишҳо дар анбори ҳарбии канори Тараз 9 нафар ҷон бохтанд, хабар медиҳад Tengrinews.kz бо истинод  ба ВҲФ Қазоқистон.

“Дар натиҷаи таркиш дар қисми низомии мустақар дар ноҳияи Байзаки вилояти Ҷамбул, тибқи маълумоти охирин, ҳамагӣ 9 нафар, аз ҷумла кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда (ВҲФ), қисми низомӣ, посбонон ва прокуратураи ҳарбӣ ҳалок шуданд. Ҳувияти қурбониён мушаххас карда мешавад. Маълумот дар бораи 4 нафари бедаракшуда мвриди санҷиш қарор дорад”, – гуфтааст намояндаи расмии ВҲФ Талгат Уалӣ.

Бино ба маълумоти пешакӣ, 49 корманди Вазорати ҳолатҳои фавқулодда дар беморхона бистарӣ шуда, бо чанд нафари дигар алоқаи гирифтан намешавад. Корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Дар қисми низомии мустақар дар ноҳияи Байзаки вилояти Ҷамбул рӯзи 26 август, соати 19.00 дар наздикии яке аз анборҳо сӯхтор ба амал омада, пас аз чанд муддате таркишҳо оғоз гардиданд.

Бино ба иттилои вазорати дифои Қазоқистон, маводи тротил таркидааст. Ҳамагӣ 10 таркиш рух додааст. Шумораи осебдидагон то 90 нафар расидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.