Тоҷикистон ва Шӯрои Аврупо таъсиси ҳукумати фарогирро дар Афғонистон таъкид карданд

Asia-Plus

Бо ташаббуси президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел 26 август суҳбати телефонии ӯ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷонибҳо бо нигаронӣ рушди кунунии вазъи буҳронӣ дар ин кишварро зикр карданд.

“Бинобар хуруҷи босуръати неруҳои эътилофи байналмилалӣ, Афғонистони азияткашида дар остонаи фалокати гуманитарӣ ва оғози мавҷи нави муқовимати тӯлонии шаҳрвандӣ, ки бо мушкилот ва таҳдидҳои нав барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ оқибатҳои ногувор меорад, қарор дорад”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат.

Гуфта мешавад, аз эҳтимоли дар минбаъда ба пойгоҳи террористони байналмилалӣ табдил ёфтани қаламрави Афғонистон изҳори нигаронӣ шуд.

Бо таассуф зикр карда шуд, ки Толибон, сарфи назар аз итминони чандинбораи оммавии худ, аз таъсиси ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо ҷалби дигар неруҳои сиёсии кишвар даст кашиданд.

“Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси низоми сулҳомез ва устувори давлатӣ дар Афғонистон бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад”, – изҳор дошт президенти Тоҷикистон.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон ва доираи васеи намояндагии ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла тоҷикони этникӣ, инчунин узбекҳо, ҳазораҳо, туркманҳо ва дигар ақаллиятҳои миллӣ, ки дар он зиндагӣ мекунанд, таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, дар ин замина аҳамияти таъсиси ҳарчи зудтари ҳукумати фарогир таъкид карда шуд.

Инчунин дар бораи пурзӯр кардани расонидани кӯмаки башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон, ки бо бӯҳрони амиқи иҷтимоию иқтисодӣ рӯбарӯ ҳастанд, ибрози андеша карда шуд.

Зимни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон мавриди назар қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо мавқеи якдигарро оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Дар бораи идомаи тамосҳо ва машваратҳои ҷонибҳо дар ҳама сатҳҳо оид ба мушкилоти Афғонистон ва масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мувофиқа ҳосил шуд.

Дар фарҷоми суҳбат Шарл Мишел аз Эмомалӣ Раҳмон барои суҳбати пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, ҷиҳати анҷом додани сафар ба Брюссел дар моҳи октябри соли равон даъват ба амал овард.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...