Идомаи мукофотгириҳо: аз Рустами Эмомаливу Убайдуллоеву Достиев то Бег Сабур

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 31 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба бархе аз мансабдорони кунуниву пешина ва вакилони парлумон мукофоти давлатӣ супурд. Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии президент дар миёни мукофотбурдаҳо сиёсмадорони кӯҳнакори тими Эмомалӣ Раҳмон низ ҳастанд.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба беш аз 90 ходими давлатӣ – раҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, роҳбарони пешини парламент ва аъзои ҳукумати кишвар, медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон тақдим кардааст.

– Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  88 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, сарфароз гардиданд,- омадааст дар иттилои мазкур.

Манбаъи мо, аз Хадамоти матбуоти президент гуфт, ки ёвари президент дар умури равобити байналмилалӣ Аъзамшоҳ Шарифӣ ва сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президент Абдуҷаббор Сатторзода бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими мукофотсупорӣ аз мушкилоти 30 соли истиқлолият ёдоварӣ шуда, таъкид намудааст, ки дар он айёми пурфоҷиа хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик мавҷуд буд.

Дар аксҳое, ки Хадамоти матбуотии президент нашр кардааст, дида мешавад, ки аксарияти аъзои ҳукумати феълӣ, ба шумули сарвазир, муовинони сарвазир, вазирон ва раисони кумитаҳо ва собиқ аъзои ҳукумат, вакилони собиқу ҳозира аз дасти раисҷумҳур унвон мегиранд.

Аз ҷумла, дар миёни мукофотгирифтаҳо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, сарвазир Қоҳир Расулзода, шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, сарвазири пешин Оқил Оқилов, сиёсатмадорони куҳнакори тими президент Талбак Назаров, Абдумаҷид Достиев, Ҳамрохон Зарифӣ, муфтии кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода, академик Акбар Турсон, шоирон Аскар Ҳакиму Меҳмон Бахтӣ, нависанда Кароматулло Мирзоев ва дигар чеҳраҳои шинос дида мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...