ИМА ҳузури дипломатии худро дар Афғонистон мутаваққиф кард

Asia-Plus

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳузури дипломатии худро дар Афғонистон мутаваққиф карда, амалиётҳоро берун аз ҳудуди Кобул баргузор мекунад. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен изҳори назар кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС.

Блинкен гуфт, ИМА бо истифода аз имконоти консулгарии худ дар пойтахти Қатар – Давҳа бо як гурӯҳ, ки ба он муовини роҳбари ҳайати ИМА оид ба Афғонистон Ян МакКэри сарварӣ мекунад, ба фаъолияти худ бо шумули анҷоми расмиёти консулгарӣ ва идоракунии кумаки башардӯстона идома мебахшад.

То парвози охирини ҳавопаймои ИМА аз Афғонистон дипломатҳои амрикоӣ дар қаламрави фурудгоҳи Кобул кор мекарданд.

“Дар муносибатҳои Амрико бо Афғонистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ин марҳилаест барои роҳандозии дипломатияи мо. Мо пайваста кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки ба амрикоиҳо, шаҳрвандони хоиҷӣ ва афғонҳо барои тарк кардани Афғонистон кумак кунем. Умедворие надорем, ки ин кор хеле зуд ё осон ба анҷом хоҳад расид”, – гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Блинкен, ҳудуди 100 нафар амрикоиҳо то ҳол дар Афғонистон боқӣ мондаанд. Ӯ илова намудааст, ки идомаи кумак ба шахсоне, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд ва то 1 сентябр тарк накардаанд, мисли пешин ҳамчун уҳдадорӣ боқӣ мемонад.

Қаблан ИМА эълом дошт, ки хуруҷи неруҳои низомии худро аз Афғонистон анҷом додааст. Фурудгоҳи Кобул охирин иншоот дар Афғонистон буд, ки таҳти назорати артиши амрикоиҳо қарор дошт.

Нерӯҳои амрикоӣ шаби сешанбе Афғонистонро комилан тарк карда, ба ҳузури 20-солаи худ дар ин кишвар хотима бахшиданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...