Сухангӯйи “Толибон” хуруҷи Амрикоро “шикасти таърихӣ ва ибрате барои наслҳои баъдии ҷаҳон” номид

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи гуруҳи Толибон, дар нахустин нишасти хабарияш пас аз хуруҷи пурраи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон гуфт, "ин шикасти таърихии Амрико аст ва ибрате барои наслҳои баъдии ҷаҳон хоҳад буд". Дар як навори видеоие, ки онро телеграмканали "Тулуънеюс" нашр кардааст, дида мешавад, ки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар фурӯдгоҳи Кобул дар ҳузури садҳо тан аз неруҳои низомипӯши […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи гуруҳи Толибон, дар нахустин нишасти хабарияш пас аз хуруҷи пурраи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон гуфт, "ин шикасти таърихии Амрико аст ва ибрате барои наслҳои баъдии ҷаҳон хоҳад буд".

Дар як навори видеоие, ки онро телеграмканали "Тулуънеюс" нашр кардааст, дида мешавад, ки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар фурӯдгоҳи Кобул дар ҳузури садҳо тан аз неруҳои низомипӯши "Толибон" суханронӣ мекунад ва мегӯяд, ки "ин пирӯзӣ мутааллиқ ба ҳамаи мост".

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ҳамчунин мегӯяд, ки мо хоҳони равобити хубе бо Амрико ва кишварҳои дигари ҷаҳон ҳастем. 

"Афғонистон ҷойи ишғолгарон нест, аз хуруқи ҳамаи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон хушҳолем. Афғонистон бо хуруҷи тамоми неруҳои амрикоӣ аз кишва истиқлол ёфт. Амрико бо ҳузури худ дар Афғонистон шикаст хӯрд ва ба ҳама аҳдофи худ нарасид",-мегӯяд Муҷоҳид.

Бояд гуфт, ки Вазорати дифои Амрико охирини низомии ин кишварро, ки нимашаб дар ҳоли тарки Афғонистон аст, нишон дод. Саҳнае аз тарки охирин низомӣ дар ҳисоби корбарии Twitter-и Пентагон  гузошта шудааст  хабар медиҳад, Лента.ру.

Дар аксе аз ин саҳна генерал-лейтинанд Крис Донахйу, фармондеҳи қисми ҳавоӣ-десентии 18-ум дида мешавад. Ӯ ба ҳавопаймои C-17 НҲҲ (неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ)-ии ИМА бо туфанги ҳамлакунанда дар даст дар ҳоли савор шудан аст. 

Бино ба хабарҳои ҷониби ИМА бо савор шудани ӯ ба ҳавопаймои ин кишвар, Амрико берун кашидани неруҳояшро аз Афғонистон ба охир расонид.

Дар мавриди ин ки дар Афғонистон ҳеч низомии дигаре намондааст, шаби 30 ба 31-уми август сардори  Маркази фармондеҳии Неруҳои мусаллаҳи ИМА (USCENTCOM) генерал Кеннет Моккензи хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ дар тамоми давраи ҳузури неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон 2461 низомӣ ва шаҳрвандони мулкии амрикоӣ кушта шуданд. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, 20 ҳазор шаҳрванди ИМА захмӣ шудаанд. 

Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯйи гуруҳи "Толибон" ҳам изҳорот дод, ки бо берун шудани неруҳои амрикоӣ Афғонистон комилан истиқлол ба даст овард. 

"Толибон" 15-уми август, баъди фирори Ашраф Ғанӣ – раисҷумҳури ин кишвар, ба Кобул ворид шуданд ва аз назорати комили Афғонистон тавассути неруҳояшон хабар доданд. Толибон гуфтанд, ки дар Афғонистон низоми аморати исломиро ташкил медиҳанд ва навъи ҳукуматашонро ба наздикӣ эълон мекунанд.

Ҳоло вилояти Панҷшер – зодгоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд ягона минтақае дар Афғонистон аст, ки  берун аз назорати "Толибон" мондааст. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Read more: https://asiaplus.news/tj/news/world/20210831/pentagon-ohirin-nizomii-amrikoie-ki-afonistonro-tark-mekunad-nishon-dod

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.