Ширкати Сомон Маҳмадбеков ва амакзодааш дар мусобиқаи байналамилалии ҷудо дар Русия

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Паҳлавони шинохтаи тоқик, ҷудокор Сомон Маҳмадбеков аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷаҳон дар "Мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Дзигоро Кано" ширкат мекунанд. Дар ин бора, рӯзноманигор Хилватшоҳи Маҳмуд ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Дар баробари Сомон, ҳамчунин амакзодааш Маҳмадбек Маҳмадбеков низ дар ин мусобиқот ширкат мекунад, вале Русияро намояндагӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ки мусобиқаи мазкур 3 сентябр дар шаҳри Владивостоки Русия таҳти сарпарастии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва нахуствазири Ҷопон Ёсихидэ Суга дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқ (Восточный экономический форум) баргузор шавад.

Сомон ягона паҳлавони Тоҷикистон аст, ки ба ин мусобиқа роҳ ёфта, дар вазни 73 кило вориди майдон мешавад.

Ба иттилои расида, дар мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ варзишгарон дар ду даста- тими мунтахаби Русия ва дастаи яккачини ҷаҳон бо ҳамдигар сабқат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки қаҳрамонони ҷаҳон, барандагони унвони Қаҳрамонии Аврупову Осиё, ғолибони Ҷомҳои ҷудо, инчунин барандагони унвонҳои қаҳрамонии "Тоскулоҳи бузург" (Гранд слам) дар риштаи ҷудо (миёни ҷавонони то 23-сола) дар солҳои 2019-2021 аз Тоҷикистону Туркия, Олмон, Нидерланду Фаронса ва Маҷористон (Венгрия) дар як дастаи воҳид муқобили дастаи мунтахаби Русия рақобат мекунанд.

Масъулин тарҳи варзишӣ мегӯянд, шиори сабқат "Роҳ ба Порис-2024" («Дорога в Париж-2024») – Олимпиадаи оянда мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...