Дар Хуҷанд ду рӯз роҳбандӣ мешавад

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Рӯзҳои 7 ва 9 уми сентябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд паради ҳарбӣ ва гузашти оммавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон доир мешавад, ки дар ин рӯзҳо бархе аз хиёбону кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд баста мешавад. Гуфта мешавад дар ин раҳпаймоиҳо  ҳудуди 30 ҳазор нафар роҳпаймоӣ мекунанд.

Ин паради ҷашнӣ дар назди бинои ҳукумати вилояти Суғд доир мешавад ва ба ин муносибат Бозраси давлати автомобилӣ эълом кард, ки роҳҳо баста мешаванд.

Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд чанд лаҳза пештар бо интишори эъломи роҳбандӣ, аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои зикршуда тариқи кӯчаҳои ҳамшафат ҳаракат намоянд.

Ин ниҳод гуфтааст рӯзҳои 7 ва 9-уми сентябр роҳи кӯчаҳои Раҳмон Набиев, Исмоили Сомонӣ ва Камоли Хуҷандӣ аз кӯчаи Гагарин (назди пули ҷашнӣ) то Исмоили Сомонӣ ва аз мавзеи Фабрикаи корҳои хонагӣ то кӯчаи Раҳим Ҷалил ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз субҳи соати 05:00 то анҷоми чорабинӣ муваққатан манъ мегардад.

Дар ҳамин ҳол аз маъмурияти ҳукумати Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки пагоҳ рӯзи 7-уми сентябр дар назди бинои ҳукумати вилоят паради ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлол доир мешавад ва дар он беш аз 10 ҳазор низомиён роҳпаймоӣ мекунанд.

Инчунин рӯзи 9-уми сентябр бахшида ба ин ҷашн дар назар аст дар назди бинои ҳукумати вилояти Суғд гузашти оммавӣ доир мешавад, ки дар он бино ба иттилои манбаъ ҳудуди 20 ҳазор нафар кормандони ниҳоду сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ роҳпаймоӣ мекунанд. Гуфта мешавад дар ин рӯз ҳар як ниҳоду сохтор дастоварди 30 соли фаъолияти худро зимни роҳпаймоӣ муаррифӣ мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...