Дар Хуҷанд ду рӯз роҳбандӣ мешавад

Рӯзҳои 7 ва 9 уми сентябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд паради ҳарбӣ ва гузашти оммавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон доир мешавад, ки дар ин рӯзҳо бархе аз хиёбону кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд баста мешавад. Гуфта мешавад дар ин раҳпаймоиҳо  ҳудуди 30 ҳазор нафар роҳпаймоӣ мекунанд. Ин паради ҷашнӣ дар назди бинои ҳукумати вилояти Суғд […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Рӯзҳои 7 ва 9 уми сентябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд паради ҳарбӣ ва гузашти оммавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон доир мешавад, ки дар ин рӯзҳо бархе аз хиёбону кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд баста мешавад. Гуфта мешавад дар ин раҳпаймоиҳо  ҳудуди 30 ҳазор нафар роҳпаймоӣ мекунанд.

Ин паради ҷашнӣ дар назди бинои ҳукумати вилояти Суғд доир мешавад ва ба ин муносибат Бозраси давлати автомобилӣ эълом кард, ки роҳҳо баста мешаванд.

Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд чанд лаҳза пештар бо интишори эъломи роҳбандӣ, аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои зикршуда тариқи кӯчаҳои ҳамшафат ҳаракат намоянд.

Ин ниҳод гуфтааст рӯзҳои 7 ва 9-уми сентябр роҳи кӯчаҳои Раҳмон Набиев, Исмоили Сомонӣ ва Камоли Хуҷандӣ аз кӯчаи Гагарин (назди пули ҷашнӣ) то Исмоили Сомонӣ ва аз мавзеи Фабрикаи корҳои хонагӣ то кӯчаи Раҳим Ҷалил ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз субҳи соати 05:00 то анҷоми чорабинӣ муваққатан манъ мегардад.

Дар ҳамин ҳол аз маъмурияти ҳукумати Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки пагоҳ рӯзи 7-уми сентябр дар назди бинои ҳукумати вилоят паради ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлол доир мешавад ва дар он беш аз 10 ҳазор низомиён роҳпаймоӣ мекунанд.

Инчунин рӯзи 9-уми сентябр бахшида ба ин ҷашн дар назар аст дар назди бинои ҳукумати вилояти Суғд гузашти оммавӣ доир мешавад, ки дар он бино ба иттилои манбаъ ҳудуди 20 ҳазор нафар кормандони ниҳоду сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ роҳпаймоӣ мекунанд. Гуфта мешавад дар ин рӯз ҳар як ниҳоду сохтор дастоварди 30 соли фаъолияти худро зимни роҳпаймоӣ муаррифӣ мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.