Home Сужаҳо Афғонистон Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер кушта шуд

Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер кушта шуд

0
2437
241186885_4332453683528263_2366486314303549022_n

Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд  кушта шуд. Гуфта мешавад, ки ҳамроҳ бо Фаҳими Даштӣ, генерал Абдулвадуд Зарра, хоҳарзодаи Аҳмадшоҳ Масъуд ҳам кушта шудааст. 

Хабари кушта шудани Фаҳими Даштӣ ва генерал Зарраро манбаъҳои гуногун, аз ҷумла Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи Панҷшер низ таъйид кардаанд.

Аз ҷумла Майсам Назарӣ навиштааст, ки "бо ниҳояти таассур ва тсассуф ду бародари ҳамкори азиз ва муборизи моро имрӯз аз даст додем. Фаҳим Даштӣ, раиси дафтари Омир соҳиб Аҳмади Масъуд ва ҷенерол соҳиб Абдулвадуд Зарра, хоҳарзодаи Қаҳрамони миллии Афғонистон дар набарде алайҳи гурӯҳи саффок ва фошист ҷоми шаҳодатро нӯшиданд".

Фаҳими Даштӣ, аз рӯзноманигорони пуровозаи Афғонистон буд, ки соли 2001 дар ҳамлаи интиҳории террори Аҳмадшоҳ Масъуд аз сӯйи гурӯҳи террористии "Ал-Қоида" ҷон ба саломат бурд. Ӯ дар ин ҳамла захмӣ шуда буд.

Фаҳимӣ Даштӣ сардабири нашрияи "Кобул" буд, ки аз сӯйи Аҳмадшоҳ Масъуд бунёдгузорӣ шуда буд ва ба унвони яке аз мудофеони озодии баён дар Афғонистон шуҳрат дошт.

Генера Абдулвадуд Зарра, атташеи собиқи низомии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон буд ва солҳо дар Тоҷикистон кор карда буд.

Ҷангҳо дар Панҷшер наздик ба як ҳафта аст давом доранд ва гурӯҳи "Толибон" аз Ҷабҳаи муқовимате, ки дар Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд шакл гирифтааст, мехоҳанд таслим шаванд.

Аммо Аҳмади Масъуд эълон кардааст, ки танҳо дар сурате даст аз набарду мубориза мекашад, ки агар "Толибон" як ҳукумати фарогир бо ҳузури ҳамаи ақвом дар қудрат ташкил бидиҳанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here