Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер кушта шуд

Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд  кушта шуд. Гуфта мешавад, ки ҳамроҳ бо Фаҳими Даштӣ, генерал Абдулвадуд Зарра, хоҳарзодаи Аҳмадшоҳ Масъуд ҳам кушта шудааст.  Хабари кушта шудани Фаҳими Даштӣ ва генерал Зарраро манбаъҳои гуногун, аз ҷумла Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи Панҷшер низ таъйид кардаанд. Аз ҷумла […]

Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд  кушта шуд. Гуфта мешавад, ки ҳамроҳ бо Фаҳими Даштӣ, генерал Абдулвадуд Зарра, хоҳарзодаи Аҳмадшоҳ Масъуд ҳам кушта шудааст. 

Хабари кушта шудани Фаҳими Даштӣ ва генерал Зарраро манбаъҳои гуногун, аз ҷумла Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи Панҷшер низ таъйид кардаанд.

Аз ҷумла Майсам Назарӣ навиштааст, ки "бо ниҳояти таассур ва тсассуф ду бародари ҳамкори азиз ва муборизи моро имрӯз аз даст додем. Фаҳим Даштӣ, раиси дафтари Омир соҳиб Аҳмади Масъуд ва ҷенерол соҳиб Абдулвадуд Зарра, хоҳарзодаи Қаҳрамони миллии Афғонистон дар набарде алайҳи гурӯҳи саффок ва фошист ҷоми шаҳодатро нӯшиданд".

Фаҳими Даштӣ, аз рӯзноманигорони пуровозаи Афғонистон буд, ки соли 2001 дар ҳамлаи интиҳории террори Аҳмадшоҳ Масъуд аз сӯйи гурӯҳи террористии "Ал-Қоида" ҷон ба саломат бурд. Ӯ дар ин ҳамла захмӣ шуда буд.

Фаҳимӣ Даштӣ сардабири нашрияи "Кобул" буд, ки аз сӯйи Аҳмадшоҳ Масъуд бунёдгузорӣ шуда буд ва ба унвони яке аз мудофеони озодии баён дар Афғонистон шуҳрат дошт.

Генера Абдулвадуд Зарра, атташеи собиқи низомии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон буд ва солҳо дар Тоҷикистон кор карда буд.

Ҷангҳо дар Панҷшер наздик ба як ҳафта аст давом доранд ва гурӯҳи "Толибон" аз Ҷабҳаи муқовимате, ки дар Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд шакл гирифтааст, мехоҳанд таслим шаванд.

Аммо Аҳмади Масъуд эълон кардааст, ки танҳо дар сурате даст аз набарду мубориза мекашад, ки агар "Толибон" як ҳукумати фарогир бо ҳузури ҳамаи ақвом дар қудрат ташкил бидиҳанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.