Сомон Маҳмадбеков барандаи ҷоми ҷудои Ҷигоро Коно дар Русия шуд

Паҳлавони ҷудокори шинохтаи тоҷик, Сомон Маҳмадбеков, ки аз Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷаҳон дар "Мусобиқаи байналмилалии ҷудои ба номи Ҷигоро Коно" ширкат мекард, барандаи ҷоми ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кг гардид. Сомон Маҳмадбеков дар ин сабқат бар ҳарифаш Казбек Нагучев аз Русия пирӯз шуда, ғолиби мутлақи ин мусобиқа гардид. Бояд […]

Паҳлавони ҷудокори шинохтаи тоҷик, Сомон Маҳмадбеков, ки аз Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷаҳон дар "Мусобиқаи байналмилалии ҷудои ба номи Ҷигоро Коно" ширкат мекард, барандаи ҷоми ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кг гардид.

Сомон Маҳмадбеков дар ин сабқат бар ҳарифаш Казбек Нагучев аз Русия пирӯз шуда, ғолиби мутлақи ин мусобиқа гардид. Бояд гуфт, ки Казбек Нагучев ғолиби Қаҳрамонии Аврупо дар соли 2020 мебошад, ки аз Сомон шикаст хӯрд.

Сомон ягона паҳлавон аз Тоҷикистон ва Осиё аст, ки ба ин мусобиқа роҳ ёфт ва вориди майдон шуд.

Ин мусобиқа имрӯз, 3-сентябр дар шаҳри Владивостоки Русия таҳти сарпарастии Владимир Путин, раисҷумҳури ФР ва Ёсихидэ Суга, нахуствазири Ҷопон дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқ (Восточный экономический форум) баргузор шуд.

Қаблан гуфта мешуд, ки дар баробари Сомон, ҳамчунин амакзодааш Маҳмадбек Маҳмадбеков низ дар ин мусобиқот ширкат ва Русияро намояндагӣ мекунад.

Ба иттилои расида, дар мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ варзишгарон дар ду даста 6 нафарӣ- тими мунтахаби Русия ва дастаи яккачини ҷаҳон бо ҳамдигар сабқат карданд. Сомон аз номи Тоҷикистон дар ҳайати дастаи яккачини ҷаҳон рақобат кард.

Гуфта мешавад, ки қаҳрамонони ҷаҳон, барандагони унвони Қаҳрамонии Аврупову Осиё, ғолибони Ҷомҳои ҷудо, инчунин барандагони унвонҳои қаҳрамонии "Тоскулоҳи бузург" (Гранд слам) дар риштаи ҷудо (миёни ҷавонони то 23-сола) дар солҳои 2019-2021 аз Тоҷикистону Туркия, Олмон, Нидерланду Фаронса ва Маҷористон (Венгрия) дар як дастаи воҳид муқобили дастаи мунтахаби Русия рақобат мекунанд.

Масъулин тарҳи варзишӣ мегӯянд, шиори сабқат "Роҳ ба Порис-2024" («Дорога в Париж-2024») – Олимпиадаи оянда мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...