Карзай “Толибон” ва Ҷабҳаи муқовимати Панҷшерро даъват кард, ки аз ҷанг даст кашанд

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон аз гуруҳи "Толибон" ва Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд,даъват кард, ки ба ҷанг хотима диҳанд, зеро ҷанг на танҳо мавзуъро ҳал намекунад, балки захмҳои тани дардманди Афғонистонро эҳё мекунад. Карзай дар як баёния дар саҳфаи расмияш дар Фейсбук аз он афсӯс хӯрдааст, ки сарфи назар аз талошҳои рӯзҳои ахир […]

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон аз гуруҳи "Толибон" ва Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд,даъват кард, ки ба ҷанг хотима диҳанд, зеро ҷанг на танҳо мавзуъро ҳал намекунад, балки захмҳои тани дардманди Афғонистонро эҳё мекунад.

Карзай дар як баёния дар саҳфаи расмияш дар Фейсбук аз он афсӯс хӯрдааст, ки сарфи назар аз талошҳои рӯзҳои ахир ҷанг дар Панҷшер сар шуд, ки боиси нигаронии амиқ аст ва пайомадҳое барои кишвар ва мардум дорад.

"Ба ин хотир, ман ҷонибҳоро даъват мекунам, ки ҷанг на танҳо роҳи ҳали мушкил нест, балки захмҳои Афғонистони дардмандро эҳё мекунад ва мушкилоти бузурги дигар меофарад",-гуфтааст Карзай.

Ман умедворам,- гуфтааст Карзай, ки ҳар ду тараф мушкилоти мавҷудро ба василаи гуфтугӯ ҳал мекунанд, то мардуми сарсону саргардони мо дар сулҳ ва оромиши комил ба сар бибаранд.

Ин баёнияи Карзай дар ҳолест, ки дирӯз Толибон эълон карданд, ки музокироти онҳо бо ҷониби Панҷшер натиҷае надод ва онҳо ин минтақаро бо ҷанг таслим мекунанд.

Амирхони Муттақӣ, раиси Комиссияи даъвати исломӣ ва иршод ин ҳаракат, дар баробари эълони ин, ҳамчунин аз мардуми Панҷшер хост, ки нагузоранд қаламрави вилояташон ба ҷанг кашида шавад.

Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер, баъди ин эълони Толибон гуфт, ки музокироти Толибон ин буд, ки  ҷабҳаи муқовимат як ду мансаб дар ҳукумат бигирад ва бо ҳамин таслим шавад, ки мо инро напазируфтем.

"Мо ба дунболи имтиёз нестем, мо мехоҳем мушкилоти Афғонистон ба таври решаӣ ҳал шавад",- гуфт Даштӣ.

Субҳи имрӯз, телеграмканали "Тулуънеюс" хабар дод, ки "Толибон" Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳомид Карзай ва Устод Сайёфро таҳти фишор қарор додаанд, то Аҳмади Масъудро маҷбур ба таслим кунанд.

Дар давру бари Панҷшер 4 рӯзи ахир ҷангҳо давом дорад, ки гуфта мешавад "Толибон" талафоти сангине додаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.