Парлумон қонуни авфро қабул кард: киҳо озод мешаванду киҳо не?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 6 сентябр вакилони порлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи авф”-ро, ки интизор меравад, тибқи он беш аз 16 ҳазор нафар авф шаванд, қабул карданд.

Дар муаррифии қонуни авф гуфта шуд, ки 800 нафар гумонбаршавандаву айбдоршаванда, 350 нафар судшаванда, қариб 3 ҳазор нафар маҳкумшуда аз муассисаҳои ислоҳӣ, 1 ҳазору 900 нафар маҳкумшуда аз колонияҳои ислоҳии сукунат ва 4 ҳазору 650 нафар маҳкумшуда аз нозироти корҳои ислоҳӣ озод карда мешаванд. Муҳлати ҷазои 5 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.

Муовини додситони кулли Тоҷикистон Дилшод Талбакзода ҳангоми муаррифии тарҳ дар Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ҳадафи қонуни мазкур ба ҳаёти осоишта баргардондани маҳкумшудаҳо аст.

Тибқи гуфтаи ӯ, муҳлати татбиқи қонун ду моҳ пешбинӣ шудааст.

Талбакзода гуфтааст, ки қонуни афв нисбат ба онҳое, ки бо одамкушӣ, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, рабудани одам, хариду фурӯши одамон, таҷовуз ба номус, шиканҷа ва ҷиноятҳои марбут ба фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ ҳабс шудаанд, татбиқ нахоҳад шуд.

Ғайр аз ин, авф нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд; маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки қаблан бо татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҷазо ё аз адои боқимондаи ҷазо озод карда шуда ва боз ҷинояти қасдона содир намудаанд, татбиқ намешавад.

Қонуни авф шахсони зеринро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод мекунад: шахсоне, ки: аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд; нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст; ҷазо нисбати онҳо шартан татбиқ карда нашудааст; ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд; шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд; ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд; барои ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ дошта маҳкум шудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд.

"Дар лоиҳаи қонун нисбат ба занҳо, ноболиғон, шахсони синнашон аз 55 боло, маъюбон, беморони дараҷаи вазнин, шахсони дорои мукофотҳои давлатӣ, иштирокчиёни ҷанг ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандони хориҷӣ бартарӣ дода шудааст", – афзудааст манбаъ.

Дар бораи ҷузъиёти бештари қонуни авф маводи зерини “Азия плюс” – ро мутолиа намоед.

Маъмулан дар ҷумҳурӣ ба ифтихори солгарди ҷашнҳои давлатӣ авф эълон мешавад. Ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар соли 2019 зиёда аз 20 ҳазор нафар маҳкумшуагон мавриди авф қарор гирифтанд. Соли 2014 дар солгарди 20-солагии қабули Конститутсия қонуни авф 10 ҳазор нафар ва соли 2011 ба ифтихори ҷашни 20-умин солгари истиқлолияти давлатӣ – 15 ҳазор нафарро фаро гирифта буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...