Дабири кулли СММ хоҳони қатъи хушунат дар Афғонистон шудааст

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш баъди ҷангҳои шадид дар Панҷшер, ки гуфта мешавад паҳподҳо (ҳавопаймоҳои бесарнишин)-и артиши Покистон қароргоҳҳои неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшерро бомбарон кардаанд, вокуниш нишон дода, хоҳони поён ёфтани хушунат дар ин кишвар шудааст. Дар ин изҳорот, ки гурӯҳи телеграми “Тулӯънюз” нашр кардааст, Гутериш ҳамчунин хоҳони “риояти амнӣ, амният ва […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш баъди ҷангҳои шадид дар Панҷшер, ки гуфта мешавад паҳподҳо (ҳавопаймоҳои бесарнишин)-и артиши Покистон қароргоҳҳои неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшерро бомбарон кардаанд, вокуниш нишон дода, хоҳони поён ёфтани хушунат дар ин кишвар шудааст.

Дар ин изҳорот, ки гурӯҳи телеграми “Тулӯънюз” нашр кардааст, Гутериш ҳамчунин хоҳони “риояти амнӣ, амният ва ҳуқуқи ҳама афғонҳо ва пойбандӣ ба тааҳҳудоти байналмилалии Афғонистон, аз ҷумла тамоми мувофиқатномаҳои байнулмилалӣ, ки тарафи он аст", шудааст.

Вокуниши дабири кулли СММ дар ҳолест, ки пештар роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Панҷшер Аҳмад Масъуд аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла аз созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин аз давлатҳои алоҳида даъват ба амал оварда буд, ки аз ин фоҷиаи зиддибашарӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ намоянд ва бетараф набошанд. Вале ин ҳама муроҷиатҳо бенатиҷа анҷом ёфт.

Ӯ аз ҷумла дар яке аз муроҷиатномаҳояш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфта буд, ки “Толибон” бар хилофи ваъдаҳои кардаашон оид ба риояи ҳууқуқи инсон аз ин аслиҳа кӯдакон ва занҳои Панҷшер ва сокинони дигар манотиқи Афғонистонро кушта, аз нигоҳи мазҳабӣ ва қавмгароӣ ҷиноятҳои зидди аҳли башарро анҷом дода истодаанд.

– Агар ин раванд идома ёфта, пеши роҳи ин «силоҳи қатли ом» гирифта нашавад, тақвияти фаъолияти ин гуруҳҳои ифротӣ имрӯз ё фардо ба зудтарин фурсат ҷаҳонро фаро мегирад. Фардо дер хоҳад шуд. Ин амри воқеӣ ва мантиқӣ аст,- гуфт Аҳмад Масъуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир Панҷшер ягон вилоят ва минтақае дар Афғонистон аст, ки таҳти контроли Толибон (ҳаракати фаъолияташ джар тоҷикистон мамнӯъ) нест.

Ҷабҳаи муқовиматро дар Панҷшер Аҳмад Масъуд раҳбарӣ мекунад, рӯзи 22 август ӯ эълом дошт, ки вилоятро ба дасти Толибон намесупорад.

Рӯзи якшанбе ва шаби душанбе дар Панҷшер ҷангҳои шадиде давом карданд, ки гуфта мешавад паҳподҳо (ҳавопаймоҳои бесарнишин)-и артиши Покистон қароргоҳҳои неруҳои муқовиматро бомбарон кардаанд.

Ҳамин тариқ, имрӯз, 6 сентябр Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳаракати "Толибон" бо нашри як хабарномаи расмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард, ки ин гурӯҳ Панҷшерро комилан ғасӣ кард ва фармондеҳони Ҷабҳаи Панҷшер фирор кардаанд.

Аммо Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ алайҳи Толибон дар Панҷшер дар як паёми дар саҳфааш дар фейсбук, эълони "Толибон" дар мавриди ғасби Панҷшерро рад кард.

"Неруҳои муқовимати миллӣ дар қароргоҳҳое, ки аз пеш эҷод шуда буд ҳузур доранд ва аз шаби гузашта то акнун ҷанг дар нуқоти мухталиф идома дорад. Мардуми Афғонистон мутмаин бошед, ки муқовимат то расидан ба озодӣ ва адолат ба нусрати Худованд идома меёбад", – итминон додааст Назарӣ.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.