Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшер ҷабҳаи зидди Толибонро ташкил карданд

Вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, ҷабҳаи мубориза бо Толибон дар водии Панҷшер ташкил шудааст, ки ба он Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ ва Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд раҳбарӣ мекунанд. Ба иттилои Тулуънюз, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе, 19 август гуфт: "Толибон тамоми Афғонистонро зери контрол надоранд. Аз водии Панҷшер гузоришҳое […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, ҷабҳаи мубориза бо Толибон дар водии Панҷшер ташкил шудааст, ки ба он Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ ва Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд раҳбарӣ мекунанд.

Ба иттилои Тулуънюз, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе, 19 август гуфт: "Толибон тамоми Афғонистонро зери контрол надоранд. Аз водии Панҷшер гузоришҳое расиданд, ки аз ташаккул ва тамаркузи муқовимат зери роҳбарии муовини аввали президент ҷаноби Солеҳ ва Аҳмад Масъуд шаҳодат медиҳад".

Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, дар Вашингтон Пост мақолае нашр карда, аз Амрико хостааст, то ба ҷангҷӯёне, ки мехоҳанд бо Толибон муқовимат кунанд, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ диҳад.

Ӯ дар ин мақола навиштааст: "Муҳим нест, ки чӣ мешавад, мо аз Панҷшер ба унвони охирин сангари озодии Афғонистон дифоъ хоҳем кард".

Ӯ дар идомаи ин мақола навиштааст, ки омода аст роҳи падарашро идома диҳад ва ҳушдор дод, ки Афғонистон таҳти назорати Толибон ба як пойгоҳи "терроризми ифротии исломгаро" табдил меёбад ва Толибон  на танҳо мушкили мардуми Афғонистон мешаванд, балки мушкили ҷаҳон хоҳанд шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.