USAID ва Фонди Оғо Хон дастрасӣ ба об ва беҳдошт фароҳам меоранд

Иттилоияи расмӣ

Фонди Оғо Хон (AKF) ва Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID), тавассути барномаи муштараки “Шукуфоии Точикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ”, расман шабакаи оби нушокии нав ва ҳоҷатхона дар муассисаи таълимии рақами 20 дар деҳаи Сафедорон ноҳияи Панҷ вилояти Хатлон, ифтитоҳ намуданд.

Тариқи шабакаи оби нушокӣ зиёда аз 2,700 нафар одамон ба оби тоза ва бехатар дастрасӣ пайдо намуданд. Ҳоҷатхонаи мактаб бошад, дорои ҷойҳои алоиҳида барои мардон ва занон, дастрасии зиёда аз 640 нафар хонандагон ва омӯзгорони мактабро ба беҳдошти зарурӣ беҳтар намуд.

Дар чорабинӣ, вазири Рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанобӣ Завқизода Завқӣ Амин ба сокинони деҳа муроҷиҳат намуда, қайд карданд, ки:

“Бошандагони деҳаи Сафедорон хушбахт ҳастанд. Қаблан онҳо оби хафнок аз ҷуйбор истеҳмол намуданд ва ҳозир бошад дар ҳоле ки мо 30 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем, мо инчунин омадани оби тоза ва бехатар бар ҳар як хона низ ҷашн мегирем”.

Сокинони деҳаи Сафедорон баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба оби боэътимод дастраси надоштанд. Дар соли 2019, Ташкилоти деҳоти навтаъсисёфта, дастрасӣ ба оби тоза ва беҳдошт яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа, муайян намуд.

Фонди Оғо Хон ва Агентии Оғо Хон оид ба макони зист (AKAH), бо дастгирии USAID, ниёзи ҷомеаро қонеъ намуданд. Бо мақсади таъмин намудани пойдории физикии инфрасохтори нав, “Шукуфоӣ” инчунин кумитаи истифодабарандагони обро ба хотири назорат аз амалиёт ва идоракунии он, таъсис дод.

Лоиҳа инчунин чорабинии таблиғотии ҷомеаро нисбати баланд бардоштани фаҳмиш ва ташвиқи тағироти рафтор, ки боиси беҳбуди таҷрибаҳои беҳдошт мегардад, оғоз намуд.

МАЪЛУМОТНОМА

Дар бораи USAID: Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ нахустин оҷонсии байналмилалии рушд дар ҷаҳон мебошад ва яке иштирокчиени калидие ба хисоб меравад, ки масоили рушдро пеш мебарад. Аз соли 1993 инҷониб, USAID бо Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани идоракунии муносиб, ривоҷ бахшидан ба рушди иқтисодӣ, беҳтар сохтани соҳаҳои маориф, тандурусӣ, амнияти озуқаворӣ ва мусоидат ба иртиботҳои иқтисодии минтақавӣ шарокат барпо намудааст. Барои маълумоти иловагӣ, нигаред ба сомона ва саҳифаи Фейсбуки USAID/Тоҷикистон:

https://www.usaid.gov/tajikistan;

https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/

Дар бораи Фонди Оғохон ИМА:  Фонди Оғохон бо ҷомеаҳо, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, корхонаҳо, ҳукуматҳо ва раисони маҳаллӣ барои сармоягузории дарозмуддат, бунёди муассисаҳои доимӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ шарик аст. Кори ташкилот ба баланд бардоштани сифати зиндагӣ ва шикастани давраи камбизоатӣ равона шудааст.

Дар тӯли 50 сол, Фонди Оғохон дар ҳар ҷое, ки фаъолияти худро анҷом медиҳад, асосан дар Осиё ва Африқо, барои манфиати умумии ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз ҷинсият, ирсият ва мазҳаб, кор мекунад. Фонди Оғохон узви Шабакаи Рушди Оғохон (AKDN) мебошад, ки яке аз шабакаҳои пешрафтаи ҳалли камбизоатӣ дар ҷаҳон мебошад, ки онро Аълоҳазрат Оғохон таъсис додааст.

AKDN ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии даҳҳо миллион нафар одамон дар 30 кишвар ҳамасола кӯмак мекунад. Равишӣ ҳамгирои бисёрсоҳавии AKDN ба масъалаҳои рушд ба таҷрибаи даҳсолаҳо, омӯзиш ва арзёбӣ асос ёфтааст. Барои маълумоти иловагӣ дар бораи дастгирии AKF, ба сомонаи www.akfusa.org ташриф оред.

Филиали “Агентии Оғо Хон оид ба макони зист” (AKAH): AKAH имкониятҳои Фокуси кӯмаки башардӯстона, Хадамоти Банақшагирӣ ва Сохтмони Оғо Хон ва ташаббуси идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ АКДН, диққати асосиро ба омодагӣ ба офатҳои ногаҳонӣ ва шиддатнок равона мекунад.  

AKAH фаъолияти худро барои таъмин намудани бехатарии зиндагии одамон дар макони зист, ки то ҳадди имкон аз таъсири офатҳои табиӣ эминанд, ҳолати омодагӣ ва посухдиҳӣ ба офатҳои табиӣ аз ҷониби сокиноне, ки дар минтақаҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд ва инчунин шароити дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ, ки имкониятҳои васеъ ва сифати беҳтарини ҳаёт оварда мерасонанд, роҳандозӣ мекунад.

Дар мадди аввал, нуқтаҳои афзалиятноки AKAH Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҳиндустон ба шумор мераванд. Барои дарёфт намудани иттилотҳои дигар дар бораи AKAH аз сомонаи агентӣ дарёфт карда метавонед: http://www.akdn.org/our-agencies/aga-khan-agency-habitat

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...