Ҷасади Фаҳими Даштириро имрӯз пайдо кардаанд: аз дирӯз то имрӯз кофтанд

Ҷасади Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Паҷншер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, субҳи имрӯз пайдо шудааст. Дар ин бора тағоии Фаҳими Даштӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, дар як паёми фейсбукӣ, хабар додааст. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дирӯз гуфта буд, ки Фаҳими Даштӣ ва ҳамроҳонаш аз ҳамлаҳои ҳавоии артиши Покистон ба шаҳодат расид. […]

Ҷасади Фаҳими Даштӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Паҷншер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, субҳи имрӯз пайдо шудааст. Дар ин бора тағоии Фаҳими Даштӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, дар як паёми фейсбукӣ, хабар додааст.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дирӯз гуфта буд, ки Фаҳими Даштӣ ва ҳамроҳонаш аз ҳамлаҳои ҳавоии артиши Покистон ба шаҳодат расид. Толибон иддао карданд, ки Даштӣ аз сӯйи неруҳои Ҷабҳаи муқовимат кушта шуд. 

Гуфта мешавад ҷасади Фаҳим Даштӣ дар минтақаи Даштаки вулусволии Анобаи Панҷшер пайдо шудааст.

Дирӯз як манбаъ аз Кобул ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки баъди ба шоҳадат расидаи Фаҳим Даштӣ ва ҳароҳонаш, ҷасади онҳоро мекобанд, вале намеёбанд.

Ин манбаи "Азия-Плюс" гуфта буд, ки баъди ҳодисаи ба шаҳодат расидани Фаҳими Даштӣ соҳае, ки онҳо дар он ҷо ба шаҳодат расида буданд, дар назорати Толибон қарор дошт. Баъдан бо подармиёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ Толибон иҷоза дода буданд, ки падар ва дигар хешовандони Даштӣ барои пайдо кардани ҷасадаш бираванд.

"Вақте, ки мошини ӯро пайдо мекунанд, мошин бар асари рокет тахриб шуда ва аз роҳ берун парида будааст. Аммо ҷасадҳоро дар дохили мошин наёфтанд ва ҳамчунин хуне дар мошин дида нашуда буд. Аз ин рӯ  чанд фарзия пайдо шуда буд. Яке ин ки онҳоро Толибон ё дуздидаанд ё боздошт кардаанду бурда дар ҷойи дигар куштаанд. Фарзияи дигар ин, ки шояд бар асари бархӯрдани рокет ба мошинашон захмӣ шуда бошаду ба ҷойе панаҳ бурда бошад",-гуфта буд манбаъ.

Аммо субҳи имрӯз умедвории ҳама барбод рафт ва ҷасади ӯ пайдо шуд, гуфт ин манбаъ дар тамоси чанд лаҳза қабл ба "Азия-Плюс".

Абдуллоҳ Абдуллоҳ навиштааст, ки "ба далели қатъи иртибототи мухобиротӣ маҳалли вуқуи ҳодиса ва чигунагии он собит нагардида буд, ки ниҳоят субҳи имрӯз собит шуд".

Абдуллоҳ гуфтааст, ки таъкид медорам, ки таҳмили хостаҳо бо тавассул ва зӯр, ҳеч гоҳе натиҷаи матлуб надошта ва боиси идомаи дард ва ранҷҳои мардум мешавад.

Хонаводаи Даштӣ эълон кардаанд, ки ҷасади ӯро дар Панҷшер ба хок месупоранд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.