Ёдбуди Аҳмадшоҳ Масъуд дар Душанбе. Даргириҳои ҳозира идомаи муқовимати ӯст

Asia-Plus

Дирӯз, 10 сентябр дар Душанбе 20 – умин солгарди шаҳодати Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ҷашн гирифата шуд.Маросим дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон баргузор гардид, вале ба фарқ аз солҳои пешин масъулини давлати Тоҷикистон ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ ширкат надоштанд.

Ёдбудӣ Қаҳрамони миллии Афғонистон дар ҳоле баргузор гардид, ки  "Толибон" (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ба ғайр аз зодгоҳи ӯ, вилояти Панҷшер тамоми Афғонистонро ишғол кардаанд, ҳукумати нави худро эълон намуданд ва хабарҳо дар мавриди тахриби оромгоҳи ӯ низ зиёд ба нашр мерасад.

Гуфта мешавад, ки дар маросими гиромидошти Аҳмадшоҳи Масъуд танҳо раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода баромад карда, гуфт, ки сокинони дараи Панҷшер ба маводи ғизоӣ ниёз доранд ва ин мавзуъ бояд мавриди баррасии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирад.

Раиси Кунгураи миллии Афғонистон Латифи Пидром ҳам вобаста ба ин масъала зикр кард, ки толибон дараро муҳосира кардаанд ва ба кӯдакон обу нон намерасад.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳир Ағбар дар ин маросим гуфт, ки Толибон бо шикастани санги мазори Масъуд мехостанд, ки аз ӯ интиқом бигиранд, вале бо шикастани санги мақбарааш, аз ӯ чизе кам намешавад.

– Даргириҳои ҳозира дар Панҷшер идомаи занҷиравии қатли Аҳмадшоҳи Масъуд дар бист соли пеш аст,- гуфт Муҳаммад Заҳир  Ағбар.

Ба таъкиди Ағбар “Толибон” дар дараи Панҷшер тақрибан наслкушӣ мекунанд.

Ҳаракати "Толибон" 15 августи соли равон Афғонистонро пурра зери итоати худ гирифтанд, аммо вилояти Панҷшер, зодгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд таслим нашуд. Дар онҷо Ҷабҳаи муқовимати миллиро ташкил доданд, ки раҳбараш писари Аҳмадшоҳи Масъуд – Аҳмад Масъуд аст.

Бо вуҷуди он ки "Толибон" мегӯянд, Панҷшерро пурра тасарруф кардаанд, вале Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, ин ҳарфҳо асос надорад.

9-уми сентябри соли 2001 фармондеҳи машҳури муҷоҳидон ва вазири собиқи дифои Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд кушта шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳафтаи гузашта, баъд аз бист соли маргаш, ба ӯ ордени дараҷаи яки "Исмоили Сомонӣ" дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...