Дастоварди назарраси рӯзноманигорони “Азия-Плюс” дар MediaCAMP Award 2021

Asia-Plus

Се нафар рӯзноманигори гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар яке аз бузургтарин озмунҳо барои рӯзноманигрони минтақаи “Осиёи Марказӣ” – MediaCAMP Award 2021 ғолибият ба даст оварда соҳиби ҷоизаҳо шуданд.

Маросими ҷамъбасти озмун дар доираи фестивали серӯза тариқи онлайн таҳти унвони “Истеҳсоли Осиё”, ки аз барномаҳои snap talk, лексияҳо, мубоҳисаҳо, семинарҳо ва намоиши филмҳо дар мавзуъҳои мухталифи ВАО иборат буд, ҷараён гирифт.

Рӯзи 12 сентябр ғолибону ҷоизадорон эълон шуданд. Аз рӯйи натиҷаҳои озмун се рӯзноманигори гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар номинатсияҳои гуногун ғолибият ба даст оварда, соҳиби ҷоизаҳо шуданд.

Рӯзноманигор Пайрав Чоршанбиев яке аз рӯзноманигорони камшуморест, ки ба масъалаҳои иқтисодӣ сарукор дорад. Дар номинатсияи “Беҳтарин инъикоси нишастҳои матбуотӣ” ӯ ғолиб эълон шуд. Корҳои Пайравро мунаққидони расонаҳои “Новый репортер» аз минтақаҳои гуногун баҳогузорӣ намуданд.

“Баргузории нишастҳои матбуотӣ кори душвор ва  инъикоси он боз ҳам душвортар аст. Чӣ тарз савол додану чӣ гуна посух гирифтан – ҳамааш ба сатҳи касбияти рӯзноманигор вобаста аст. Аз ин рӯ, Пайрав дарвоқеъ ҳам ба ин мукофот арзандаву шоиста аст”, – мегӯяд мунаққиди расонаии тоҷик Манижа Қурбонова.

Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори “Азия-Плюс” дар номинатсияи “Мавзӯи сол. Замони пандемия” ғолиб дониста шуд. Маводи ӯ зери унвони “Таҳқиқ: Фавт дар соли 2020 зиёд шуд. Чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз чӣ фавтид?”, ки дар ҳамдастӣ бо Муллораҷаб Юсуфзода таҳия шудаааст, ба зинаи аввали ҷоизавӣ сазовор дониста шуд.

Дар ин мавод рӯзноманигорон талош варзидаанд, ки эътимоднокии омори расмӣ дар бораи ҳолатҳои сироятёбӣ ва фавт аз коронвирусро дар Тоҷикистон таҳқиқ намоянд. Онҳо ба якчанд шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафар карда, аз оромгоҳҳо боздид намуданд ва бо мардум суҳбатҳо доштанд. Дар натиҷа аз гӯрҳои “С20” ва аз ҷониби киҳо шабона гӯронидани ҷасадҳо огаҳӣ ёфтанд.

Боз як рӯзноманигори “Азия-Плюс” Анна Мифтахова барои маводаш таҳти унвони «Мне 500 лет, о нем сложено множество легенд и живет оно в Худжанде» бо ҷоизаи махсус қадрдонӣ шуд.

Ин қиссаро дар бораи дарахти қадимии тут Анна аз номи худи дарахт, ки сокинон онро Тути Калон меноманд, рӯйи сафҳа меорад. Маҳз ҳамин гуна тарзи пешниҳоди мавод таваҷҷуҳи ҳайати ҳакамонро ҷалб кардааст.

Тути Калон дар маркази шаҳри Хуҷанд, байни манзилҳо воқеъ буда, мавзеи сайёҳӣ ва ёдгории таърихии зинда ба ҳисоб меравад.

Сеюмин  фестивали MediaCAMP MediaCAMP Award 2021, ки аз ҷониби Internews созмон дода мешавад, чун соли пешин имсол низ тариқи онлайн баргузор шуд. Давоми тамоми солҳои озмун ин дафъа аз панҷ кишвари минтақа шумори рекордии корҳо пешниҳод шуд. Ҳамагӣ 700 дархост қабул шуда, 91-тои онҳо ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. Ии мавод аз ҷониби рӯзноманигорону аксбардорон ва намояндагони дигар самтҳои расонаҳо аз Қазоқистону Тоҷикистон, Ӯзбекистону Қирғизистон ва Туркманистон пешниҳод шуданд. Озмун аз шаш номинатсия иборат буд.

Ғолибон мукофотпулӣ ва гувоҳнома (сертификат) ва барандагони зинаи аввал – боз тандис (статуэтка) ҳам мегиранд.

Ғолибону ҷоизадоронро аз самими қалб табрику таҳният гуфта, барояшон фатҳи қуллаҳои нави эҷодиро орзумандем!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...