Намояндагони Афғонистон дар ҷаласаи душанбегии СҲШ ширкат намекунанд

Дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ), ки 16 – 17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, намояндагони кишвари Афғонистон ширкат намекунанд. Афғонистон, ки дар СҲШ ҳамчун мақоми кишвари нозирро дорад, тибқи муқаррарот бояд дар ҷаласаҳои ин созмони ширкат кунад. Дар ин бора, хабаргузории “ТАСС” бо истинод ба як манбаи наздик ба созмон хабар додааст. Манбаъ қайд […]

Дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ), ки 16 – 17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, намояндагони кишвари Афғонистон ширкат намекунанд.

Афғонистон, ки дар СҲШ ҳамчун мақоми кишвари нозирро дорад, тибқи муқаррарот бояд дар ҷаласаҳои ин созмони ширкат кунад.

Дар ин бора, хабаргузории “ТАСС” бо истинод ба як манбаи наздик ба созмон хабар додааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки ин ба он вобаста аст, ки то ҳол  ҳукумати нави Афғонистон аз ҷониби кишварҳои узви созмон расман эътироф нашудааст.

Ҳамчунин, дар рӯихати меҳмонони саммити сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе, ки Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон нашр намудааст, исми намояндагони Афғонистон нест.

Дар иттилоияи гуфта мешавад, ки дар саммити сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ (онлайн), президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, раиси Чин Си Ҷинпин (онлайн), президенти Қирғизистон Содир Жапаров, сарвазири Покистон Имрон Хон, президенти Русия Владимир Путин ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ — президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух (онлайн), президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок мекунанд.

– Дар нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат хоҳанд варзид, – омадааст дар хабар.

Аз ин пештар, як мақоми баландпоя аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “ҳоло муайян нест, ки дар ҷаласаи душанбегии СҲШ Афғонистонро кӣ намояндагӣ хоҳад кард”.

Бо вуҷуди ин, гуфта мешавад,17 сентябр дар ҷараёни мулоқоти сарони кишварҳои СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон табодули ҳамаҷонибаи афкор мекунанд.

15-уми сентябр Толибон ҳукумати Кобулро ба даст гирифтаанд, ва чанде пеш ҳайати ҳукумати худро эълон намуданд, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ то  ҳол онҳоро ба расмият нашинохтаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.