Вазири нақлиёт оид ба раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мегӯяд. Помир ҳисоб нест?

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар бораи ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ ноил гардидани ҷумҳурӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ изҳори назар кард. “Мову шумо бо ҳидоятҳои Сарвари хирадмандамон яке аз вазифаҳои муҳим ва афзалиятноки Барномаи стратегии кишвар – аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишварамонро бо сари баланд иҷро карда тавонистем”, – изҳор доштааст Азим Иброҳим […]

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар бораи ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ ноил гардидани ҷумҳурӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ изҳори назар кард.

“Мову шумо бо ҳидоятҳои Сарвари хирадмандамон яке аз вазифаҳои муҳим ва афзалиятноки Барномаи стратегии кишвар – аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишварамонро бо сари баланд иҷро карда тавонистем”, – изҳор доштааст Азим Иброҳим дар паёми табрикотиаш бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

Вазир зикр кардааст, ки тӯли 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллар 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ мавриди амал қарор гирифт.

Ӯ таъкид доштааст, ки  дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2183 км роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаҳои сесатҳа ва 2 дусатҳа, 5 нақби  мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хатти роҳи оҳан, 5 пулу 3 нақби қаторагузар анҷом дода шуданд.

Ба гуфтаи вазир, имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 623 млн. 246 ҳазор доллари ИМА мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.

“Дар арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳон Тоҷикистон дар радабандии сифати роҳҳо 20 зина боло баромад, ки ин дастоварди басе муҳим аст”, – иброз доштааст Азим Иброҳим.

Дар ин арзёбӣ байни 141 кишвари саросари дунё Тоҷикистон зинаи 50-умро ишғол намуда, дар паҳнои ИДМ пас аз Озарбойҷон мақоми дуюмро касб кардааст.

Шоҳроҳи Помир интизор мешавад

Шояд дар “аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар” ва мавқеи ҷумҳурӣ дар арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳон, шоҳроҳи Помир, ки тибқи арзёбии баъзе дигар раддабандиҳо яке аз зеботарин роҳҳои ҷаҳон маҳсуб меёбад, ба инобат гирифта намешавад.

Тӯли 30 соли истиқлолияти кишвар дарвоқеъ ҳам ба ҷуз қитъаи роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Кулма дигар қариб ҳамаи роҳҳои асосии байни пойтахт ва минтақаҳо таъмиру навсозӣ шуданд. Яъне ин роҳро то маркази ноҳияи Дарвоз таъмиру бозсозӣ намуда, бо ин ҳамин таваққуф карданд.

Дар бораи он, ки одамон дар тӯли сафар аз Дарвоз то Хоруғ ва бозгашт қариб як рӯз азоб мекашанд, бисёр гуфтанду имрӯз ҳам менависанд.

Ба муроҷиат ва нашри мавод дар ВАО доир ба ин масъала мақомот ҳамеша маслиҳату машварат медиҳанд, ки "сабр кунед" ва ваъда медиҳанд, ки корҳо ба зудӣ оғоз мешаванд.

Роҳи Душанберо имрӯз барои сокинони ВМКБ метавон "роҳи ҳаёт" гуфт, зеро чанд сол боз парвозҳои доимӣ байни пойтахт ва Хоруғ қатъ гардида, аз аввали моҳи майи имсол пас аз муноқишаи мусаллаҳона бо Қирғизистон дар сарҳад, роҳ ба Ош баста аст.

Аз соли 2019 инҷониб мақомот дар бораи кумаки бепул ба маблағи тақрибан 360 млн доллар ҳарф мезананд, ки як қисми он барои таҷдиди қитъаи роҳ аз Дарвоз то Ванҷ ва сарҳади Рӯшон ба нақша гирифта шудааст.

Тобистони соли гузашта президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони минтақаи Ванҷ гуфта буд, ки корҳои азнавсозии ин қитъа то охири соли 2020 шурӯъ мешаванд, аммо бевосита корҳои сохтмонӣ то ҳол оғоз нашудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.