Шоҳроҳи Помир яке аз зеботарин ҷодаҳои олам номида шуд

Портали автомобилии car.ru шоҳроҳи Помир дар Тоҷикистонро ба рӯйхати ҷодаҳои зеботарини ҷаҳон дохил кард. “Дар саросари дунё якчанд роҳҳои зеботарин мавҷуданд, ки равуо ва боздид аз онҳо тамоми умр дар хотир нақш мебандад”, – навиштааст муаллифи мавод. Дар ин қатор ӯ шоҳроҳи Помир дар Тоҷикистон, дараи Вердон дар Фаронса, Далтон-Хайвей дар Аляскаи ИМА, шоҳроҳи Трансфэгэрашски тариқи Руминия ва […]

Портали автомобилии car.ru шоҳроҳи Помир дар Тоҷикистонро ба рӯйхати ҷодаҳои зеботарини ҷаҳон дохил кард.

“Дар саросари дунё якчанд роҳҳои зеботарин мавҷуданд, ки равуо ва боздид аз онҳо тамоми умр дар хотир нақш мебандад”, – навиштааст муаллифи мавод.

Дар ин қатор ӯ шоҳроҳи Помир дар Тоҷикистон, дараи Вердон дар Фаронса, Далтон-Хайвей дар Аляскаи ИМА, шоҳроҳи Трансфэгэрашски тариқи Руминия ва роҳи Чуйски Русияро номбар кардааст.

Шоҳроҳи Помир ҷодаи баландтарин дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Ин ҷо дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр Қарокӯл ҷойгир аст, ки ягона истгоҳ дар роҳи тӯлонист. Барои тай кардани он як рӯзи расо лозим буда, аз табиати афсункори канори роҳ чашм кандан мушкил аст.

Мавзеи гирду атрофи роҳ Марсро ба хотир меорад, зеро дар масофаи чандин километр танҳо чангу ғубор, харсангу дара, нақбҳои нотакрор, роҳи бе мумфарш пеши назар буда, ҳеҷ рустание ба мушоҳида намерасад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Помир ба рейтинги ҷаҳонии “100 самти глобалии устувор” шомил гардид.

Помир ҳамчун яке аз самтҳои беҳтарини сайёҳӣ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба даҳгонаи аввали маҷаллаи амрикоии National Geographiс Traveler низ дохил шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.