Муносибати пулиси Русия бо муҳоҷирони тоҷик баррасӣ шуд

Дар шаҳри Маскав рӯзи 9-уми октябр вохӯрии дуҷонибаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Русия генерали политсия Владимир Колоколсев доир гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва боздошти шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта баррасӣ шуданд. […]

Дар шаҳри Маскав рӯзи 9-уми октябр вохӯрии дуҷонибаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Русия генерали политсия Владимир Колоколсев доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва боздошти шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масоили авфи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки дар рӯйхати маҳдудияти воридот ба Русия дохил шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ҳамчунин масоили муносибати хуб кардани кормандони пулиси Русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва тибқи қонун дастгир намудани онҳо баррасӣ шудааст.

Қайд шуд, ки содиршавии ҷиноятҳо дар умум ва махсусан вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳудуди Русия аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон сол аз сол коҳиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки як рӯз қабл дар шаҳри Маскав ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардида, дар он таҳким бахшидани ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии вазоратҳо, рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар масоили мавриди таваҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.