Раиси Исфара ба муштзани номӣ Муҳаммад Ёқубов қитъаи замин дод

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Муштзани 26-солаи тоҷик Муҳаммад Ёқубов, ки аз номи Русия сабқат мекунад, бори панҷум камарбанди “WBC International”-ро ҳифз кард. Ӯ ин бор дар мусобиқаи “RCC Boxing Academy”, ки 11-уми сентябр дар Екатеринбурги Русия доир гардид, Кристиан Палмаи чилигиро шикаст дод ва дар вазни худ шикастнопазир боқӣ монд.  

Муҳаммад Ёқубов аз ҷамоати Навгилеми Исфара буда раиси ин шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода муштзанро бо ғолибият ва бори шашум ҳифз кардани камарбанди “WBC International” табрик гуфтааст. Зубайдулло Шомадов сухангӯйи раиси шаҳри Исфара дар саҳифаи фейсбукии худ якшанбеи 12-уми сентябр гуфтааст ҳукумати Исфара ҳамеша варзишгаронро дастгирӣ ва пуштибонӣ мекунад.

“Чанде пеш мутобиқи қарори марбутаи раиси шаҳр ба Муҳаммадхӯҷа Ёқубов ҷудо гардидани қитъаи замини наздиҳавлигӣ далели ин гуфтаҳост.”-

Ба иттилои хабаргузории sports.ru Муҳаммад Ёқубов дар вазни 59 кило дар даври чаҳорум ҳарифи чилигии худ Кристиан Палморо шикаст дод ва унвони қаҳрамонии “WBC International” -ро ҳимоя кард.

Хабаргузорӣ навиштааст, ки Ёқубов дар давраҳои аввали бозӣ ба худ бовар дошт ва бар муқобили муштзани чилигӣ зарбаҳои пайиҳами беҷавоб зад. Ҳамин тавр дар даври ҷаҳоруми бозӣ муштзани тоҷик Кристиан Палморо ба нокаути сахт фиристод ва аз пой афтонд. Муштзани чилигӣ дар даври панҷум натавонист муборизаро идома диҳад ва дастааш аз идомаи муҳориба бо Муҳаммад Ёқубов даст кашидааст.

Дар ҳамин ҳол ТВ “Варзиш” гуфтааст, дар шоми ситораҳои бокс ба ҷуз Муҳаммад Ёқубов, зодаи дигари Тоҷикистон Асрор Воҳидов низ баромад кард. Аммо ин муштзани тоҷик аз рақиби русияш Муҳаммад Шехов мағлуб гашта, аз дифоъи камарбанди WBO European маҳрум шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...