Президенти Эрон ва сарвазири Покистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меоянд

Президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 сентябр бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд, хабар медиҳад Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии  ҷумҳурӣ. Дар ҷараёни сафари расмӣ мулоқоти хоссаи роҳбарони ду давлат ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар дар назар аст. Дар натиҷаи мулоқот имзои Баёнияи муштараки Президенти […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 сентябр бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд, хабар медиҳад Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии  ҷумҳурӣ.

Дар ҷараёни сафари расмӣ мулоқоти хоссаи роҳбарони ду давлат ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар дар назар аст.

Дар натиҷаи мулоқот имзои Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи густариши равобити дуҷониба ва бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ пешбинӣ шудааст.

Бино ба маълуомти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, президенти Эрон рӯзи 17 сентябр дар Душанбе бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дидору гуфтушунид анҷом медиҳад.

Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои саммити СҲШ дар Душанбе 17 сентябр сарони давлатҳои узви СҲШ дар бораи оғози раванди қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси давлати узви комилҳуқуқи СҲШ қарор қабул кунанд. Бино ба даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16-17 сентябр сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон сурат мегирад.

Гуфта мешавад, дар чорчӯби сафари мазкур Сарвазири Покистон дар нишасти ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамзамон дар ҷаласаи муштараки сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД дар Душанбе иштирок мекунанд.

Дар назар аст, ки зимни сафари мазкур мулоқотҳои Сарвазири Покистон бо роҳбарияти олии кишвар доир гардида, бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.

Сарвазири Покистонро дар ҷараёни сафари расмӣ ба Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии он кишвар Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ва дигар ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Зимнан дар доираи сафари мазкур нишасти чоруми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.