“Толибон” хабари кушта шудани яке аз роҳбаронашонро рад карданд

Date:

“Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) хабари кушта шудани Абдулғанӣ Бародар (Мулло Бародар), иҷрокунандаи муовини сарвазири ҳукумати "Толибон”-ро рад кардаанд. Дар ин бора, имрӯз, 13 сентябр сухангӯи дафтари сиёсии “Толибон” Муҳаммад Наим Вардак бо пахши изҳороти аудиоии худи Мулло Бародар хабар додааст.

Изҳороти ҷониби “Толибон” дар ҳолест, ки субҳи 13-уми сентябр хабари кушта шудани Мулло Бародар аввал дар расонаҳо ва сомонаҳои иҷтимоии Ҳиндустон ва баъдан, дар Тоҷикистон зуд паҳн гардид. Аксарият мегуфтанд Мулло Бародар шаби 12-ум аз дасти Мавлави Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии “Толибон” дар пайи як баҳси мансаб кушта шудааст.

Дар ин навори видео худи Абдулғанӣ Бародар хабари кушта шуданашро “дурӯғ ва таблиғ” номида, гуфтааст, ки “чанд шаби охир дар сафар будам ва ҳоло дар куҷое ки бошам, ҳамаамон хуб ҳастем."

Сухангӯи дафтари сиёсии “Толибон” сабаби паҳни чунин хабарҳоро мухолифати беасос ба ин гурӯҳ маънидод кардааст.

Дар гузашта дар бораи раҳбари “Толибон” Ҳайбатуллоҳ Охундзода низ овозаҳое паҳн шудааст, ки гуё ӯ чанд сол пеш мурдааст, вале сухангӯи ин гурӯҳ пас аз ду ҳафтаи гирифтани Кобул гуфта буд, ӯ зинда ва дар Қандаҳор аст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...