Билетҳои ҳавопаймо ба Русия арзону навбатпоӣ назди хазинаҳо дигар нест

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон вазъияти шиддатноки вобаста ба харидории чиптаҳои ҳавопаймо ба Русия тадриҷан аз байн меравад. Сабаби ин афзоиши парвозҳо ва коҳиши нархи чиптаҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аст.

Ширкати ҳавопаймоии ватании "Сомон Эйр" ҳоло ҳам нархномаҳоро паст накардааст, аммо мусофирон дигар билетҳои онро ба мисли мавсими фасли баҳор ва аввали тобистон ба маблағи 10-12 ҳазор сомонӣ (аз даст, бо пардохти иловагӣ) намехаранд.

Навбатҳои тӯлонӣ назди хазинаҳои билетфурӯшӣ аз байн рафтанд.

Чанде пеш ширкати русиягии «Уральские авиалинии»  40% арзон кардани чипта, инчунин “ЮтЭйр” ва S7 Airlines – тахфиф (камшавии нарх)-ро эълон карданд.

Имрӯз аз Русия ба Душанбе метавон бо нархи 2-2,5 ҳазор сомонӣ парвоз кард. Муҳоҷир Аҳрор Юнусов аз ноҳияи Рӯдакӣ инро тасдиқ мекунад. "Ман рӯзи 12 сентябр аз Маскав парвоз карда,, ба маблағи 14 ҳазор рубли русӣ чипта харидам",- гуфт ӯ.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия арзиши сафари ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба Русияро коҳиш дода, аммо ширкати ватанӣ ҳоло ин корро накардааст.

Тағйирот дар таърифаҳои парвозҳои Русия пас аз он ба амал омад, ки Русия ба ҷои парвозҳои чартерӣ парвозҳои мунтазам ҷорӣ кард.

Расман имрӯз нархи ҳадди ақали чиптаҳо ба Русия (аз ширкатҳои русиягӣ) то 3400 сомонӣ поин рафтааст. Аммо ба чанд хазинаи билетфурӯшӣ занг зада, бо ин миқдор маблағ билет наёфтем. Дар хазинаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки арзиши чиптаҳо вобаста ба вақти парвоз ва самти хатсайр аз 5300 то 7600 сомониро ташкил медиҳад.

Аммо поинравии нарх маълум аст – қаблан чиптаҳо расман тақрибан 5,500 сомонӣ, вале дар асл – 8,10 ва ҳатто 12 ҳазор сомонӣ нарх доштанд.

Билетҳои арзонтарро барои моҳҳои ноябр ва декабр, яъне пешакӣ харидан мумкин аст. Билетҳо барои нимаи дуюми сентябр ва октябр қиматтаранд.

Таърифаи ягонаи ширкати “Сомон Эйр” мисли пештара расман 6500 сомонӣ буда, аммо чиптаҳо ба парвозҳои таъҷилӣ гаронтаранд.

Русия аз 27 август парвозҳои доимиро ба Тоҷикистон аз сар гирифт ва акнун парвозҳо дар хатсайрҳо аз Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба Маскав ва Санкт-Петербург, инчунин 17 шаҳри дигари Русия ба ҳамаи хоҳишмандон дастрасанд.

Нархи билетҳои ҳавопаймо ба Дубай, Истанбул ва Тошканд бетағйир мондааст.

…Дар ҳамин ҳол, шоҳидон мегӯянд, ки тайи як ҳафтаи ахир теъдоди шаҳрвандоне, ки тариқи гузаргоҳи “Дӯстӣ” ба Ӯзбекистон мераванд, кам шудааст. Сарфи назар аз нисбатан арзон будани билетҳо аз Ӯзбекистон ба Русия, бо назардошти хароҷоти убури сарҳад ва сафар аз Сари-Осиё то Самарқанд ва Тошканд, фарқияти нархи чиптаҳои ҳавопаймо аллакай начандон зиёд мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...