Зас: Дар пайи шиддат ёфтани вазъ дар сарҳад СААД ба Тоҷикистон кӯмак мекунад

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас вазъи сарҳадҳои кишварҳои узви СААД-ро дар маҷмӯъ, нигаронкунанда арзёбӣ кард ва гуфт, ки дар сурати шиддат ёфтани вазъ дар сарҳади Афғонистон онҳо омодаанд, ки ба Тоҷикистон кӯмак, аз ҷумла кӯмаки ҳарбӣ кунанд. Зас ин суханонро дар пайи ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони дифоъ, умури хориҷӣ ва кумитаҳои […]

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас вазъи сарҳадҳои кишварҳои узви СААД-ро дар маҷмӯъ, нигаронкунанда арзёбӣ кард ва гуфт, ки дар сурати шиддат ёфтани вазъ дар сарҳади Афғонистон онҳо омодаанд, ки ба Тоҷикистон кӯмак, аз ҷумла кӯмаки ҳарбӣ кунанд.

Зас ин суханонро дар пайи ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони дифоъ, умури хориҷӣ ва кумитаҳои дабирони шӯрои амнияти СААД дар Душанбе зикр кард.

Қабули изҳороти СААД дар бораи Афғонистон

Зас рӯзи 15-уми сентябр дар поёни ҷаласаи муштарак ба хабарнигорон гуфт, ки  СААД дар бораи вазъи Афғонистон изҳорот қабул кард.

– Роҳбарони ҳайатҳо дар маҷмуъ лоиҳаи Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД –ро ба мувофиқа расониданд ва якчанд изҳорот, аз ҷумла Изҳороти муштараки кишварҳои узви СААД «Дар бораи вазъи Афғонистон», Изҳороти вазирони корҳои хориҷиро дар бораи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо кибертерроризм, Изҳороти вазирони корҳои хориҷӣ оид ба талошҳои дастҷамъона барои ҳалли вазъиятҳои буҳронӣ дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ ва Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ «Оид ба тасдиқи уҳдадорӣ ба принсипҳои Оинномаи СММ ва таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини риояи қатъии онҳо»-ро ҳамоҳанг намуданд”, – гуфт Зас. 

Ҷаласаи шӯрои вазирони СААД дар Душанбе асосан, вазъи амниятии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ намуд.

Ҳамчунин, қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаҳои навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД нимаи аввали соли 2022 дар Арманистон баргузор шавад.

Дар кори ҷаласаи имрӯза, 15 сентябр намояндагони кишварҳои узви СААД – Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.