Шумори қурбониёни садамаи марговар дар роҳи Душанбе-Хуҷанд афзуд

Филиали ширкати IRS, масъули хизматрасонии роҳи Душанбе-Чанак хабар медиҳад, ки имрӯз дар бемористон боз як нафари ҷароҳатбардошта бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 14 сентябр рухдода ҳалок шудааст. “Субҳи имрӯз дар беморхона марде, ки мусофири яке аз автомашинаҳои ба ин садама дучоргаршуда буд, ба ҳалокат расид. Вазъи солимии боқимонда мусофирон ва ронандагони дирӯз ба беморхона овардашуда […]

Asia-Plus

Филиали ширкати IRS, масъули хизматрасонии роҳи Душанбе-Чанак хабар медиҳад, ки имрӯз дар бемористон боз як нафари ҷароҳатбардошта бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 14 сентябр рухдода ҳалок шудааст.

“Субҳи имрӯз дар беморхона марде, ки мусофири яке аз автомашинаҳои ба ин садама дучоргаршуда буд, ба ҳалокат расид. Вазъи солимии боқимонда мусофирон ва ронандагони дирӯз ба беморхона овардашуда муътадил аст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ширкати IRS.

Дар ширкат гуфтанд, ба мусофироне, ки бар асари садама ҷароҳатҳои начандон вазнин гирифта буданд, дар ҷойи ҳодиса кумаки тиббӣ расонида шудааст.

Зикр шуд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан Хова” бинобар сабаби ноқисиҳои техникӣ бо суръати баланд ба поин фаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба бархӯрди шумори зиёди автомашинаҳо боис мегардад.

“Айни замон мақомоти салоҳиятдор санҷишу таҳқиқи сабаби аслӣ ва ҳамаи ҳолатҳои рух додани ҳодиса ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Садамаҳои нақлиёт дар ин қитъаи роҳ бисёр вақт рух медиҳанд. Ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳори тасаллият мекунем”, – илова карданд дар хадамоти матбуоти ширкат.

Қаблан зикр гардида буд, ки ин садамаи нақлиёт шоми 14 сентябр дар километри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб рух дод.

Дар натиҷа зани сокини 50-солаи ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расида, панҷ мусофири боқимондаи ҷароҳатбардошта дар бемористони марказии ноҳияи Варзоб бистарӣ шуданд”.

Яке аз автомашинаҳои тамғаи “Toyota” бар асари зарба аз бархӯрд ба ҷарии 200-метра сарозер меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.