Бархӯрди 10 мошин дар садамаи нақлиёти роҳи Душанбе-Хуҷанд

Шоми 14 сентябр дар километри 65-уми роҳ мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб садамаи нақлиёт рух дод, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ. Ба гуфтаи вай, ронандаи автомшаинаи боркаши тамғаи “Дулан Хова” – сокини Хатлон ҳаноми ҳаракат аз Хуҷанд ба Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи […]

Asia-Plus

Шоми 14 сентябр дар километри 65-уми роҳ мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб садамаи нақлиёт рух дод, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи вай, ронандаи автомшаинаи боркаши тамғаи “Дулан Хова” – сокини Хатлон ҳаноми ҳаракат аз Хуҷанд ба Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа ба 10 мошин бархӯрдааст”.

“Бар асари бархӯрд автомашинаи тамғаи “Toyota” ба ҷарии 200-метра сарозер меравад, – иброз дошт Юсуфӣ. – Дар натиҷаи ин садама зани сокини 50-солаи ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расидааст. Панҷ мусофири боқимондаи ҷароҳатбардошта дар бемористони марказии ноҳияи Варзоб бистарӣ шуданд”.

Имдодгарони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯ ва наҷотбахшии Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд.

“Онҳо ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, автомашинаи ба ҷарӣ афтода, инчунин чизҳои шахсии мусофиронро берун оварда ба соҳибонашон супурданд”, – илова кард ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо реҷаи муқаррарӣ ҷараён дорад.

Боз як ҳодиса садамаи нақлиёти марговар рӯзи сешанбе дар наздикии деҳаи Хуфи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшони ВМКБ рух додааст.

Ҳангоми ҳаракат аз қаламрави ноҳияи Рӯшон ба деҳаи Хуф низ ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба ҷарии 100-150 метра сарозер меравад.

Дар натиҷаи ин садама ҳамаи мусофирони дар автомашина қарордошта – ронанда ва се мусофири он ҳалок шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамаи ҳолатҳои рух додани садамаро таҳқиқ мекунанд.

“Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба ронандагон муроҷиат намуда, боисрор аз онҳо дархост мекунад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянду тарзҳои махсуси идораи автомашинаро дар роҳҳои кӯҳӣ ба инобат гиранд ва чони худу атрофиёнро зери хатар нагузоранд”, – таъкид дошт Юсуфӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.