Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода даргузашт

Раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Тоҳир Азиззода бегоҳии 14-уми сентябр дар синни 41-солагӣ баъди як амалиёти ҷарроҳӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ мегӯянд, маросими видоъ бо раиси ин ноҳия Тоҳир Азиззода соати 10:00-и субҳи 15-уми сентябр дар зодгоҳаш деҳаи Пастиғави ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ доир мешавад. Шоми 14-уми сентябр нашрияи “Нигоҳи […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Тоҳир Азиззода бегоҳии 14-уми сентябр дар синни 41-солагӣ баъди як амалиёти ҷарроҳӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ мегӯянд, маросими видоъ бо раиси ин ноҳия Тоҳир Азиззода соати 10:00-и субҳи 15-уми сентябр дар зодгоҳаш деҳаи Пастиғави ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ доир мешавад.

Шоми 14-уми сентябр нашрияи “Нигоҳи халқ”- и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ дар саҳифаи фейсбукияш аз даргузашти раиси ноҳия хабар дод. Ин нашрия дар номаи тасаллият гуфтааст “…Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат лаҳзае пеш пас аз бемории кӯтоҳмуддат аз дунё даргузаштанд”.

Аммо нафарони наздик ба раиси ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Тоҳир Азиззода охирҳои моҳи июни имсол ба бемории коронавирус дучор шуд ва тақрибан як моҳ табобат гирифт. Яке аз наздикони ӯ гуфт “ду рӯз пештар бинобар беморӣ, ки ба мо то ҳол норӯшан аст, Азиззодаро ба Душанбе бурданд ва бегоҳии 14-уми сентябр пас аз ҷарроҳӣ даргузашт”.

Манбаъи дигари наздик ба ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд “беш аз даҳ рӯзи охир вазъи саломатии раиси ноҳия хуб набуд ва эҳтимол меравад баъди бемориҳо фишорашон баланд шудаааст”.

Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ охири моҳи август бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлол бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз шуда буд. Бино ба иттилои манобеи “Азия-Плюс”  Тоҳир Азиззода санаи 1-уми сентябр дар чорабинии “Рӯзи дониш” дар мактаби рақами 16-и ноҳия иштирок кард ва ба далели беморӣ дигар ба кори давлатӣ наомад ва дар хона табобат мегирифт.  

Аз Тоҳир Азиззода як раиси мардумӣ, ки ба эҳтироми мардум сазовор гаштааст ва ҳамчун ободкору ватандӯст ном мебаранд.

Ӯ оғози моҳи январи соли 2020 дар асоси як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин шуда буд. То ба сари ин мансаб омадан аз соли 2016 дар вазифаи муовини аввали раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кор кардааст. Тоҳир Азиззода 17 апрели соли 1980 дар деҳаи Пастиғави ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шуда, хатмкардаи бахши иқтисоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Ӯ қаблан дар солҳои 1997-2002 дар вазифаи мудири шӯъбаи ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, солҳои 2002-2012 роҳбари хоҷагии деҳқонии ба номи Мӯсо Исоеви деҳаи Пастиғави ин ноҳия кор карда, гуфта мешавад ширкати сохтмонии ҶДММ "Пастиғав"-ро низ таъсис додаааст, ки то соли 2016 раҳбари он буд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.