Аз ҳукумат даъват шуд, ки нисбати тоҷикони дар Қирғизистон маҳкумшуда чораҷӯӣ кунад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Суди вилояти Ботканди Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳабси абад маҳкум кард. Суд онҳоро тибқи моддаҳои 380 (Ҷиноят ба зидди сулҳ) ва 391 (Ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноятии Қирғизистон гунаҳкор эътироф намуд.

Сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Парвиз Муллоҷонов ба ҳимоят аз ҳамватанон дар саҳифаи худ дар Фейсбук дар ин бора изҳори назар кард, ки онро дар зер манзуратон мегардонем:

“Ба ду шаҳрванди тоҷик, зодагони ноҳияи Исфара  дар Қирғизистон ҳукми абад доданд. Онҳоро айбдор карданд, ки гӯё дар набардҳои марзии моҳи апрел фаъолона  иштирок намуданд.  Ҳадафи ин амал дар он аст, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода шавад, ки дар бархӯрди гузашта маҳз тоҷикон гунаҳкор ҳастанду бетартибиҳо ҳам аслан бо дасти тоҷикон  амалӣ шуданд.  Аз ун тараф касе маҳкум нашуд-ку?         

Агар ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти ин ду шахс ба таври ҷиддӣ талош накунад, дигар дар оянда, агар мабодо даркор шавад, бисёриҳо дар ин минтақа барои ҳимояи Меҳан намехезанд. Дар ин маврид, барои давлат  хезондан ва сафарбаркунии мардум  ва ҷамоатҳои махаллӣ  душвор мегардад. Чӣ суде аст аз хезиши мардумӣ, агар иштирокчиёни он аз тарафи давлати худ пуштибонӣ нашаванд? Сипас артишу марзбонон дар лаҳзаҳои ногувор танҳо, бе дастгирии густардаи мардум  хоҳанд монд.

Дар он тарафи марз касони зиёде ҳаст, ки дар бетартибиҳо ва сӯзондани хонаҳои тоҷикон фаълона иштирок карданд, лекин касе аз онҳо ба ҷавобгарӣ кашида нашуд.  Агар ақаллан ду-се нафар аз ин тоифаро дастгир мекардем, имрӯз имкони иваз кардани онҳо ба шаҳрвандони маҳкумшудаи мо пайдо мешуд.                                                            

Яъне на танҳо мардум бояд давлатро химоят кунад, балки давлат ҳам бояд ҳар як шаҳрванди худро бо ҳар роҳу васила пуштибонӣ кунад”.

Қобили зикр аст, ки муҳокимаи се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон низ дар робита ба муноқишаи марзии моҳи апрел дар Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд идома дорад. Додситон 15-уми сентябр ба онҳо 20-солии ҳабс талаб кардааст. Интизор меравад, ҳукми онҳо 21-уми сентябр эълон шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...