Дар Тоҷикистон ду баробар камтар аз меъёр гӯшт истеҳсол мешавад

Байни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Тоҷикистон аз лиҳози истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ба ҳар сари аҳолӣ то ҳол дар зинаи охир аст. Мувофиқи маълуомти омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ каме бештар аз 19 кило гӯшт барои 1 нафар дар як сол истеҳсол мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки меъёри истеъмоли ин навъи маҳсулот […]

Байни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Тоҷикистон аз лиҳози истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ба ҳар сари аҳолӣ то ҳол дар зинаи охир аст.

Мувофиқи маълуомти омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ каме бештар аз 19 кило гӯшт барои 1 нафар дар як сол истеҳсол мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки меъёри истеъмоли ин навъи маҳсулот 40,2 килоро ташкил медиҳад.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода имсол дар ин робита изҳор дошта буд, ки "Тоҷикистон тадриҷан дар ду-се соли наздик талаботи мардумро ба ин маҳсулот пурра қонеъ хоҳад кард".

Айни замон талаботи аҳолии Тоҷикистон ба гӯшт тақрибан 380-385 ҳазор тонна дар як сол аст.

Нимаи аввали соли 2021, тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, беш аз 88 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шуда, воридот тақрибан ба 1,9 ҳазор тонна ба маблағи зиёда аз 5,3 млн доллар баробар аст.

Ҳамеша норасоии гӯшт хоҳад буд?

Тибқи пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, се соли оянда дар ҷумҳурӣ дар нақша доранд, ки истеҳсоли гӯшти чорво ва паррандаро ба 290,1 ҳазор тонна ва моҳиро то ба 3,5 ҳазор тонна расонанд.

Агар ин нақша амалӣ шавад, он гоҳ ин рақам ба 30,5 кг мерасад ва ин бидуни назардошти афзоиши аҳолӣ то ин давра, ки хоҳ-нохоҳ талаботи кишварро қонеъ карда наметавонад.

Ба гуфтаи коршиносон ва мутахассисон, Тоҷикистон имконоти худро дар саноати истеҳсоли гӯшт ба қадри кофӣ истифода намекунад.

Нимаи аввали соли 2021 дар ҳама шаклҳои хоҷагидориҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 2,4 млн сар чорвои калони шохдор ва 6 млн сар моли майда мавҷуд аст.

Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз афзоиши саршумори чорво дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар бахши кишоварзӣ, нисбат ба солҳои 90-ум, сифати зотпарварӣ ва маҳсулнокии онҳо дар сатҳи паст боқӣ мемонад.

Тибқи омор, беш аз 92% чорвои калони шохдор ва 82% гӯсфанду бузро худи аҳолӣ дар қитъаҳои наздиҳавлигии худ нигоҳ медоранд. Чорвои хонагии дар онҳо мавҷудбуда аз ҷиҳати вазни зинда ва маҳсулнокӣн ба талаботи меъёрҳо ҷавобгӯ нест.

Саршумори чорво дар бахши хусусӣ меафзояд, аммо айни замон хатари аз байн рафтани баъзе зотҳои чорвои калони шохдор ва гӯсфандон ҷой дорад.

Илова бар ин, тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод, сатҳи истифодаи имконоти истеҳсолӣ барои истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ҳамагӣ 20,5 фоизро ташкил медиҳад.

Пас чӣ мебояд кард?

Коршиносон ба ҳукумат тавсия медиҳанд, ки барои афзоиши истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон ба омилҳои зерин таваҷҷӯҳ кунанд:

1. Сармоягузории зиёдтар барои рушди хоҷагиҳои зотпарварӣ;

2. Мусоидат ба соҳибкорон ҷиҳати дастрасии онҳо ба харидани зотҳои сергӯшти чорво аз хориҷа бо роҳи сабуксозии пардохти боҷи андоз ва гумрук;

3. Афзоиши истеҳсоли саноатии хӯрока барои чорвои калон ва майдаи шохдор;

4. Бо истифода аз имконоти мавҷуда, то коркарди ниҳоӣ расонидани истеҳсоли гӯшт.

Истеҳсоли гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ дар собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР):

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.