Дар Душанбе барои хунукназарӣ ба табиб ҷарима таъин шуд

Date:

Бо қарори Суди ҳарбии гарнизони Душанбе духтур-мутахассиси бемориҳои асаб Рустам Умбатов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 322, қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Хунукназарӣ) гунаҳкор эътироф шуд.

Тавре дафтари матбуоти суди мазкур хабар медиҳад, ӯ ҳангоми кор дар комиссияи ҳарбӣ-тиббии маъракаи даъват дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баҳори соли гузашта сокини шаҳр Павиз Ҷалиловро, ки гирифтори бемории “сутунмуҳра” буд, ба адои хизмати ҳарбӣ коршоям донист.

Гуфта мешавад, бо қарори суд барои ин амал ба табиб Рустам Умбатов ҷарима таъин шудааст, лекин аз маблағи ҷарима маълумот дода намешавад.

Мувофиқи меъёрҳои моддаи дар боло зикршуда, дар ин ҳолат ба айбдорон дар ҳаҷми аз 6 то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима ё корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз 120 то 180 соат ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то 2 сол ҷазо таъин мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...