Дар Душанбе барои хунукназарӣ ба табиб ҷарима таъин шуд

Бо қарори Суди ҳарбии гарнизони Душанбе духтур-мутахассиси бемориҳои асаб Рустам Умбатов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 322, қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Хунукназарӣ) гунаҳкор эътироф шуд. Тавре дафтари матбуоти суди мазкур хабар медиҳад, ӯ ҳангоми кор дар комиссияи ҳарбӣ-тиббии маъракаи даъват дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баҳори соли гузашта сокини шаҳр Павиз Ҷалиловро, ки гирифтори […]

Бо қарори Суди ҳарбии гарнизони Душанбе духтур-мутахассиси бемориҳои асаб Рустам Умбатов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 322, қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Хунукназарӣ) гунаҳкор эътироф шуд.

Тавре дафтари матбуоти суди мазкур хабар медиҳад, ӯ ҳангоми кор дар комиссияи ҳарбӣ-тиббии маъракаи даъват дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баҳори соли гузашта сокини шаҳр Павиз Ҷалиловро, ки гирифтори бемории “сутунмуҳра” буд, ба адои хизмати ҳарбӣ коршоям донист.

Гуфта мешавад, бо қарори суд барои ин амал ба табиб Рустам Умбатов ҷарима таъин шудааст, лекин аз маблағи ҷарима маълумот дода намешавад.

Мувофиқи меъёрҳои моддаи дар боло зикршуда, дар ин ҳолат ба айбдорон дар ҳаҷми аз 6 то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима ё корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз 120 то 180 соат ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то 2 сол ҷазо таъин мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.