Бонки Ҷаҳонӣ: “Ба Душанбе вуруди муҳоҷирони “иқлимӣ” дар назар аст”

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тибқи гузориши навшудаи Бонки Ҷаҳонӣ Groundswell ("Мавҷи нӯҳум"), тағирёбии иқлим метавонад ба кӯчонидани беш аз 2,4 млн нафар то соли 2050 дар Осиёи Марказӣ боис гардад.

Вуруди муҳоҷирони "иқлимӣ" ба водии Фарғона (қаламрави Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон), минтақаи пасткӯҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, инчунин Тошканд ва минтақаҳои нисбатан сераҳолӣ дар шимоли Қазоқистон пешбинӣ шудааст.

Интизор меравад, ки мавзеъҳои сарҳади ҷанубии Қазоқистон, минтақаҳои ҳамсояи водии Фарғонаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, инчунин заминҳои атрофи Бишкек минтақаҳои хуруҷ хоҳанд буд.

Кӯчидани аҳолиро ба ин қаламравҳо муаллифони гузориш ба "афзоиши пешбинишудаи дастрасӣ ба об ва ҳосилнокии зироатҳо" рабт медиҳанд.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки  то соли 2050 тағирёбии иқлим, ки ба як неруи таҳрикдиҳандаи муҳоҷират табдил меёбад,  дар маҷмӯъ метавонад 216 млн нафарро дар шаш минтақаи ҷаҳон маҷбур кунад, ки ба дигар қисматҳои кишварҳояшон кӯчанд.

Гуфта мешавад, шумори муҳоҷирони дохилии иқлимӣ дар кишварҳои Африқои воқеъ дар ҷанубии Сахара метавонад ба 86 млн, Осиёи Шарқӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором – 49 млн, Осиёи Ҷанубӣ – 40 млн,  Африқои Шимолӣ – 19 млн, Амрикои Лотинӣ – 17 млн,  Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ – 5 млн нафар бирасад.

Омилҳои муҳоҷирати дохилии иқлимӣ метавонанд хеле зуд – то соли 2030 ташаккул ёбанд ва бо наздик шудани соли 2050, афзоши миқёс ва шиддати ин раванд идома хоҳад ёфт.

Аммо, муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки роҳандозии тадбирҳои фаврии ҳамоҳангшуда барои коҳиши партобҳои глобалӣ ва дастгирии рушди экологӣ, фарогир ва устувор метавонад миқёси муҳоҷирати иқлимиро то 80% коҳиш диҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...